Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH&BEAUTY TAJIKISTAN 2025»

Аз 22 то 24-уми майи соли 2025 дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH&BEAUTY TAJIKISTAN 2025» баргузор мегардад.

Намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шуда, дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок намуд.

Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла маҳсулотҳои косметикӣ, парфюмерия, кимиёи маишӣ, таҷҳизоти косметологӣ, маҳсулотҳои нигоҳубин ва гигиенӣ, витаминҳо ва иловаҳои парҳезӣ, ғизои варзишӣ, истеҳсоли таҷҳизотҳои тиббӣ, маҳсулотҳои дорусозӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фуруш пешкаши харидорон ва меҳмонон намуданд.

Намоишгоҳи мазкур аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият намуда, дар он ҳамзамон ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла ширкату корхонаҳо аз давлатҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Лаҳистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо молу маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноаткунонии босуръати кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Дар ин замина, ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, дар самти ба роҳ мондани истеҳсолот дар дохили кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳои андозӣ ва молиявиро ҷорӣ намудааст. Инчунин, мавҷудияти қувваи кории арзон, инфраструктураи лозима, мутахассисони варзида ва қонунгузории мутобиқ барои ташкили корхонаҳои муштарак муносиб мебошад.

Бояд гуфт, ки муаррифии молу маҳсулотҳо дар намоишгоҳи мазкур баҳри боз ҳам беҳтар гардидани робитаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мусоидат намуда, барои таъмин аҳолии кишвар бо дору, молҳои тиббии дорои сифати ҷаҳонӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас ва инчунин беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search