“Илм, амалия ва равишҳои байналмилалӣ дар дерматовенерология ва косметология”. Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи тиббӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

24-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ дар мавзӯи «Илм, амалия ва равишҳои байналмилалӣ дар дерматовенерология ва косметология» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик, намояндагони як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат ва доираи васеи кормандони соҳаи дерматовенерология ва косметология иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир базаи моддию-техникии муассисаҳои соҳаи дерматовенерологияи кишвар мустаҳкам гардида, воридсозии таҷҳизотҳои муосир ба онҳо пайваста идома дорад. Махсусан, дар ин самт ҳамасола омода намудани мутахассисони соҳа аз тарафи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва такмили ихтиссоси табибон аз тарафи Муассисаи давлатии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» боиси пешравии соҳа гардида истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар кишвар 330 нафар табибони соҳаи мазкур, аз он ҷумла 3 нафар доктори илми тиб, 21 нафар номзади илми тиб ва 29 нафар ординаторҳои клиникӣ фаъолият намуда истодаанд, ки малакаи дониши табибони соҳа дар самти косметология, микология, трихология ва патогистология ривоҷ ёфта, баҳри саривақт дарёфт намудани бемориҳо нақши муҳим доранд.

Ташкил ва гузаронидани конференсияи «Илм, амалия ва равишҳои байналмилалӣ дар дерматовенерология ва косметология» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ бо ҳамтоёни хеш аз кишварҳои хориҷи дуру наздик мебошад.

Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ-ин ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб арзёбӣ гашт.

Дар кори конференсияи мазкур олимон ва мутахассисони соҳаи дерматовенерология ва косметология аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои Ӯзбекистон ва Британияи Кабир иштирок ва баромад карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search