“Шифобахш 2” ғолиби мусобиқаи нуздаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гашт

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2025, №229 оид ба баргузор намудани мусобиқаи 19-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи мамлакат аз 23 -уми май то 01-уми июли соли 2025 мусобиқаи мазкур баргузор карда шуд, ки дар он 12 даста ширкат варзиданд.

Маросими ҷамъбасти мусобиқа санаи 01-уми июли соли равон дар варзишгоҳи Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Хаётзода, Аъзоёни Кумитаи тадорукот, варзишгарон, дӯстдорони футбол ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Ҳамин тавр, барои ҷойи сеюми мусобиқа тими “Шаҳраки тиббӣ” бо дастаи Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилӣ қуваозмоӣ намуд, ки дар натиҷа тими Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилӣ бо ҳисоби 5 бар 3 пирӯз омада, ҷои сеюми мусобиқаро ба даст овард.

Барои ишғоли ҷойи аввал дастаҳои “Шифобахш 2-“-и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва тими Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба майдони рақобат ворид гардиданд. Бозӣ миёни тимҳои мазкур пурҷӯшу хурӯш ҷараён гирифта, дар натиҷа тими “Шифобахш 2” бо ҳисоби бузурги 6 бар 2 ғолиб омада, соҳиби Ҷоми калон, медалҳои тилло, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гардид.

Дар баробари ин, барои нафароне, ки дар баргузории ин мусобиқа саҳм гузоштанд, Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Бо ҳамин, мусобиқаи 19-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Ҷавонон”, «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иди касбӣ – “Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон” ва ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якчанд амалиёти ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram