Аёдати пиронсолон ва маъюбон

4-уми июл дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, ба муносибати Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе чорабинӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Ғайбулло Авзалов, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Дилбар Одилзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлат Сафар, Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдулло Сафарзода ва Директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе – Парвина Музафарзода иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе – Парвина Музафарзода суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи давлат ба таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои маъюбон ва пиронсолон сол то сол бештар мегардад ва ин чорабинӣ низ як намунаи равшани ғамхории Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар идома, Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Ғайбулло Авзалов баромад карда, аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хусусан ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба маъюбон ва пиронсолон ёдоварӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, ғамхорӣ нисбат ба пиронсолону маъюбон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок қарор дорад ва иҷрои амалии ин сиёсати инсондӯстона мояи ифтихор аст.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе – Дилбар Одилзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста барои дастгирии маъюбон ва пиронсолон чораҳои амалӣ меандешад ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута чунин иқдомҳоро ба таври пайгирона роҳандозӣ менамояд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлат Сафар дар баромади хеш оид ба аҳаммияти фарҳанги инсондӯстӣ ва ҳамдилӣ дар ҷомеа ва нақши Пешвои миллат дар тарғиби ин арзишҳо андешаронӣ намуд. Ӯ дар баромади худ зикр кард, ки фарҳанги инсондӯстӣ дар сиёсати давлатдорӣ на танҳо дар сатҳи баланд қарор дорад, балки он дар тамоми барномаҳои давлатӣ таҷассум ёфтааст. Ин фарҳанг имрӯз дар ҳар иқдоми хайрхоҳона эҳсос мегардад.

Дар идома, суханронии Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдулло Сафарзода шунида шуд. Ӯ иброз дошт, ки Агентӣ ҳамеша саъй дорад бо дастгирии Ҳукумати мамлакат хизматрасониҳои иҷтимоиро барои пиронсолону маъюбон беҳтару замонавӣ намояд ва ин гуна чорабиниҳо имкони дигарест барои таҳкими эҳсоси дастгирӣ ва меҳру муҳаббат ба онҳо.

Пас аз суханронии меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ аз номи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе туҳфаҳо тақдим гардид. Ҳамзамон, барои бошандагони Марказ дастархони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии онҳо аз ҷониби санъаткорони шинохта барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search