Имкониятҳои нави ташхиси ВНМО дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо барои ҳар як шахс имкон фароҳам аст, ки аз ташхиси ВНМО гузарад. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО аз шаҳрвандон даъват ба амал меоранд, ки ба сомонаи www.hivtest.tj ворид гардида, бо роҳи оддӣ ва бехатар саломатии худро нисбат ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) санҷанд ва аз вазъи саломатии худ бохабар гарданд.

Барои гузаштан аз ташхиси ВНМО Шумо метавонед ба сомонаи www.hivtest.tj ворид гардида, ҷойи наздиктаринро барои ташхис муайян намоед. Ҳамчунин, тариқи сомонаи мазкур барои гирифтани машварати ройгон, маълумот дар бораи ташхиси фаврӣ, ки танҳо 15 дақиқа вақт мегирад ва ҳатто тариқи луоби даҳон гузаронида мешаванд, инчунин бидуни хунгирӣ ва дард, маслиҳатҳои мутахассисон ва саволу ҷавобҳо имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Ҳар як шахс новобаста аз синну сол, вазъияти оилавӣ ё зиндагии шахсӣ ба таври ройгон, махфӣ ва дастрас метавонад аз ташхиси ВНМО гузарад.

Бо ташхиси саривақтӣ ва маълумотнокӣ, ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад дар пешгирии паҳншавии ВНМО саҳмгузор бошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search