Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва таҳкими солимии равонӣ

Рӯзи 25-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи ҷаласаи 80-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи сатҳи баланд оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва таҳкими солимии равонӣ баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур вазирони тандурустии кишварҳои аъзо ва ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои бонуфузи дар соҳаи тандурустӣ амалкунанда ширкат доштанд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи номбурда як рӯйдоди калидӣ барои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, академияҳо, хайрхоҳон ва бахши хусусии дахлдор барои баррасии пешрафт ва уҳдадориҳо оид ба амалҳои тезонидашуда барои марҳилаи навбатии вокуниш ба бемориҳои ғайрисироятӣ арзёбӣ гашта, мавзӯи умумии вохӯрии сатҳи баланд «Баробарӣ ва ҳамгироӣ: тағйир додани ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ тавассути роҳбарӣ ва амал оид ба бемориҳои ғайрисироятӣ ва мусоидат ба солимии равонӣ ва некуаҳволӣ» унвон гирифта буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search