Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, обҳои ширину шифобахш, мавзеъҳои дилфиреб ва ҷойҳои таърихӣ қалби миллионҳо сайёҳони хориҷиро мафтун сохта, имрӯзҳо бо чашмаҳои табобативу шифобахшии худ диққати ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб намудааст.
Боиси хушнудист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди инфрасохтори маконҳои табобативу шифобахшии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, айни ҳол дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ва чашмаҳои шифобахши мамлакат баҳри табобати шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ВМКБ беш аз 72 адад чунин чашмаҳои табобатию шифобахшӣ мавҷуд мебошанд, ки аксари онҳо дар ноҳияи Ишкошим ҷой гирифтаанд. Чашмаҳои шифобахшии Ширгин, Зонг, Биби Фотимаи Зуҳро, Авҷ ва ғайра на танҳо дар ҳудуди ВМКБ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам шуҳрат доранд.
Гармчашма-яке аз маконҳои табобативу сайёҳӣ ва аз муъҷизаҳои табиат ба шумор меравад, ки дар ноҳияи баландкуҳи Ишкошим ҷой гирифтааст.
Ин чашмаи шифобахш на танҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон низ аз муъҷизаҳои нодири табиат эътироф шудааст, ки ҷолиби диққати гардишгарони кишварҳои дуру наздик ба ҳисоб меравад.
Махсусан, ҳамасола садҳо нафар сайёҳон аз давлатҳои дуру наздик ба тамошои ин муъҷизаи табиат меоянд ва аз шукуҳу шаҳоматаш як ҷаҳон таассуроти нек мебардоранд.
Қайд кардан лозим аст, ки гармобаи шифобахши Гармчашма дар маҳали миёнакуҳ дар дараи хушманзари зебо аз тарафи рости соҳили руди Гармчашма, дар масофаи 48км аз шаҳри Хоруғ ва 73 км аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Иқлими Гармчашма хушк ва миёнкуҳӣ буда, дар тобистон ҳаво хушки форам ва камбориш аст ва боди суст мевазад. Таркиби ҳавояш аз йонҳои манфӣ бой буда, фазои софу беғубор дорад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 6,70С, ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон 160.С ва зимистон 6,60. С аст. Ҳавои аз ҳама гармтарин 35.С, ҳавои хунуктарин 32.С мебошад ва шароити гидрогеологии Гармчашмаро ҳаракатҳои тектоникӣ муайян мекунад. Дар ин қисмат аз дур ба назари кас таҳшин-оҳаксанги сафед ба назар мерасад. Ин оҳаксанги таҳшиншударо теппаи баландиаш то ба 30 метр ва паҳноиаш то ба 40 метр ташкил додааст. Дар нишебии ин теппа кeлҳо ва шаршараҳои калону хурди аҷоиби хушкшуда ба вуҷуд омадаанд. Дар баромадгоҳи чашмаҳо саққочаҳои бисёри ҳархела ёфт шудаанд, ки таркибашон аз калсий иборат мебошад. Шумораи грифонҳо доимӣ набуда, дар муддати якчанд рӯз роҳи худро дигар мекунанд. Ҳарорат, миқдори хориҷшавӣ ва фишори баромади об дар грифонҳо бо пастшавии теппаи оҳаксанг зиёд мешавад. Ҳамаи грифонҳо аз худ газҳои карбон, гидроген, сулфур, азот, оксиген ва метан ҷудо мекунанд. Миқдори гази карбони озод ва ҳалшуда ба баландшавии ҳарорати об зам шуда, гази азот зиёд мешавад. Ҳамин тавр, аз моҳи октябр сар карда, ҳарорати об дар грифонҳо аз 40.С то 62.С баланд мешавад. Миқдори хориҷшавии грифонҳо аз 3 то 6 л/сония тағйир меёбад. Ҳудуди эътидоли об ба 6,9-71 расида, маъданнокиаш 3,4 гр-ро ташкил медиҳад. Миқдори кислотаи силитсий 150-247 мг/л, гази карбон 500 мг/л, гидрогенсулфур 170 мг/л мебошад. Дар таркиби микроэлементҳои алюминий оҳан, магний, бром ва ғайра мавҷуданд, ки хосияти табобатии онро зиёд мекунанд. Тавсифи таркиби кимиёии оби чашмаи Гармчашма ба навъи обҳои маъдании гидрогенсулфуру кислотаи силитсидори гази карбонатдошта, гидрокарбонати хлор, натридори гипертетмалӣ дохил мешавад. Омилҳои асосии табиии оби Гармчашма вобаста ба мавҷудияти газҳои гидрогенсулфур, карбон ва кислотаи силитсий аст. Маъданнокии ҳадди эътидол ва ионҳои гидрокарбонат хлору натрий мебошад. Ин об аз ҷиҳати таркиби кимиёи ва хосияти физикӣ ба оби осоишгоҳи Исти-суи Озарбойҷон ва обҳои гази карбондоштаи истироҳатгоҳи Пятигорск, Железноводск (Украина) ва Ҳайдусабосло Харкан (Маҷористон) монанди дошта, ҷиҳати фарқкунандааш доштани дараҷаи баланди миқдори гидрогенсулфур ва кислотаи силитсий дар он ҷо мебошад. Бояд гуфт, ки соли 1973 номзади илми тиб Е.Т Исаева барои табобат кардани касалиҳои пуст дар шароити Гармчашма чунин нишондодҳо, монеъаҳо ва усулҳои табобатро пешниҳод намуда буд: шукуфаи фаслӣ (псориаз) дар марҳалаи бистарӣ дар ҷойҳои пошхӯрда ва паҳншуда, номла (экзема)-идоимӣ дар ҷойҳоимаҳдуд ва паҳншуда, нерводермит, дуруштпӯстӣ (склекродермия), хоиши умумӣ ва маҳдуд, сумок (ихтиноз), шукуфаи сурхи ҳамвор ва парапсориаз.
Аммо, ба таъкиди мутахассисони соҳа, дар сурате, ки беморони мубталои марази шукуфаи фаслӣ, номла ва шукуфаи ҳамвор дар марҳалаи авҷгирӣ қарор дода бошанд, истифода аз оби ин чашма ба эшон зараровар мебошад. Ҳамчунин истифодаи оби он ҳангоми бемориҳои шукуфаи фаслӣ дар марҳалаи авҷгирӣ, номла дар марҳалаи шиддатнокӣ ва шукуфаи сурхи ҳамвор дар марҳилаи авҷгирӣ низ номумкин аст.

Қайд кардан лозим аст, ки усулҳои табобатӣ дар оби Гармчашма чунин мебошанд: Обзанҳои (ваннаҳои) умумӣ ҳар рӯз 10-15 дақиқа дар муддати 5-6 рӯз қабул карда, дар рӯзҳои 6-ум ва 7-уми истироҳат таъин карда мешавад. Бо ин усул дардмандони шукуфаи фаслӣ, номлаи доимӣ невродермитҳо, дуруштпӯстӣ ва дигар касалиҳои пӯст дар марҳалаи пастравӣ табобат карда мешаванд. Обзанҳои умумӣ бошад, 10-15 дақиқа ва 2-3 рӯз пайи ҳам қабул карда шуда, дар рӯзҳои 4-ум ва 5-ум рӯзи истироҳат таъин карда мешавад. Инчунин, давраи муолиҷаи нурҳои офтоб барои дардмандон 22-24 обзан мебошад. Дар қатори обзанҳо табобат бо гелиотерапия гузаронида мешавад. Зикр намудан лозим аст, ки гелиотерапия ба дардмандони касалии пӯст дар шиддатнокии ҷараёни маризии пӯст раво нест.
Дар Гармчашма чунин бемориҳои дил ва рагҳои хунгард табобат карда мешаванд: иллати дил бо норасогиҳои гардиши хун дараҷаи якум, баъди 8-10 моҳи аз сар гузаронидани касалии тарбод (ревматизмҳо), илтиҳоби мушакҳои дил (миокардит) баъди 8-10 моҳи аз сар гузаронидани беморӣ, бемории фишори хун, давраи якум дар марҳалаи “А”,”Б” бе инъикоси рагҳои хунгарди мағзи сар (артесклерози дил ва гурда), артесклерози рагҳои хунгарди дасту пой бе аломатҳои мавти узв, бемории Рейно, васеъшавии варидҳо дар давраи муовизат (компенсатсия) ва илтиҳоби таҷаллути варидҳо (тромбофлебит) дар давраи муовизат.

Дар баробари ин, ба чунин бемориҳои узвҳои такя ва ҳаракат низ оби ин чашмаи шифобахш даво мебошад: илтиҳоби куҳнаи бисёрбандҳо баъди аз сар гузаронидани бемориҳои гузарандаи тарбод, илтиҳоби куҳнаи бисёр бандҳо баъди гузаронидани касалиҳои гузарандаи ҷароҳатӣ ва никрис (подагра), бемориҳои тарбодмонанди доимӣ, шахшавии бандҳо баъди захмдоршавӣ, сӯхтан, захмҳои тозашуда, бемории ғайриилтиҳоб мӯҳраҳо ва газаки халтачаи маҳотӣ (луобӣ).
Барои табобати як қатор бемориҳои системаи асаб низ Гармчашма тавсия дода мешавад: илтиҳоби асабҳо баъди осеб ёфтан, илтиҳоби решачаҳои асабҳои ҳароммағз, бемориҳои куҳнаи роҳҳои нафаскашӣ, газаки доимии пардаи пой (бронхит), илтиҳоби ҳалқ (тонзиллит), илтиҳоби мухотаи баълум (фаренгит) ва илтиҳоби гулӯ (ҳалқ) ё худ ларингит.
Барои табобати ингуна бемориҳои узвҳои ҳозима низ истифодаи оби Гармчашма тавсия муфид мебошад: оқибатҳои илтиҳоби доимии шикампарда, газаки шикампарда меъда, руда, талхадон, ҷигар, лиҳоми (спайка) байнирудагӣ ва лиҳоми баъди гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва осеб ёфтан.
Як қатор бемориҳои узвҳои занонаро ҳам метавон дар ин ҷо табобат кард: илтиҳоби тухмдон (андексит), илтиҳоби сифоки гирдогирди тухмдон (периандексит), илтиҳоби сифокпардаи бачадон (периметрия), илтиҳоби маҳбал (капит), илтиҳоби гардани бачадон (сервисет), яраи гардани бачадон ва бенаслӣ баъди касалиҳои илтиҳоби тухмдон ва бачадон.
Бояд гуфт, ки ҳамасола садҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъ барои истироҳату табобат ташриф оварда, бо ин роҳ вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар месозанд.
Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи олами наботот ва чашмаҳои шифобахш буда, аз онҳо метавон дар саноати дорусозӣ ва косметология васеъ истифода бурд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4 ҳазор намуд растаниҳои гуногун мерӯянд, ки 1500-адади онҳо шифобахш мебошанд.
Ба назари мутахассисони соҳа, истифодаи самаранок ва оқилонаи чунин чашмаҳои шифобахш, ки дар ҳудуди мамлакат, хосатан дар ВМКБ мавҷуд мебошанд, метавонанд ба рушди туризми табобатӣ мусоидат намуда, ҳам дар муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ ва ҳам баҳри саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти миллии мамлакат саҳмгузор бошанд.
Дар баробари ин, ташкили туризми табобатии дохилӣ агар аз як ҷониб баҳри таъмини ҳифзи солимии сокинони кишвар саҳм гузорад, аз ҷониби дигар ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои дустии сокинони манотиқи гуногуни Ватани азизамон низ метавонад нақши босазо гузорад.
Хусрав Шосаидзода,
Душанбе-Гармчашма-Душанбе