Таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Имрӯз, 25-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи корӣ сараввал Абдуалимов Файзалӣ, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ маълумот пешниҳод кард.

Зимни баромади хеш номбурда доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, корҳои ободониву созандагӣ, дастовардҳо, вазъи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, ҳолати муассисаҳои тандурустӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти онҳо дар ин давра ҳисобот дод.

Пас аз шунидани маълумот доир ба фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ба як қатор масъалаҳои муҳими соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва баратараф намудан мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

«Таъмини бехатарии минтақавӣ бо роҳи таҳкими хизматрасониҳои аввалияи тиббию санитарӣ”

Зодрӯз муборак, муҳтарам вазир!

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд

Рӯзи касбии кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак!

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон конфронси илмию амалӣ доир гашт

Баргузории ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба рафти амалишавии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Search