Бо мақсади дар амал ҷори намудани усулҳои нави ташхису табобат ва ба роҳ мондани табодули таҷриба тибқи дастуру супориши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони варзидаи пойтахти кишвар ба минтақаҳои гуногуни мамлакат сафар намуда, дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо табибони маҳаллӣ усулҳои нави ҷарроҳиро дар амал иҷро менамоянд.
Ин навбат мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафарбар гардида, дар шуъбаи эндоҷарроҳӣ-реконструктивӣ ва пластикии Беморхонаи марказии он ба панҷ нафар бемори сокини шаҳри мазкур якчанд амалҳои нави ҷарроҳӣ, ки дар минтақа аввалин маротиба мебошанд, бомуваффақият гузарониданд.
Дар доираи ин иқдом аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва дар ҳамкорӣ бо табибони маҳаллӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморон амалҳои бартараф намудани чурраҳои девори пеши шикам, чурраҳои қадкашак бо гузоштани тури синтетикӣ композитикӣ ва экстирпатсияи бачадон бо тарзи лапароскопӣ анҷом дода шуданд.
Тавре масъулини Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, қаблан гирифторони чунин бемориҳо дар шаҳри мазкур ба таври анъанавӣ, яъне кушода ва бо тариқи буриши ҷисми бемор ҷарроҳӣ мешуданд, ки ин ҳолат муҳлати табобат ва барқароршавии саломатии беморонро зиёд мегардонид.
Ба назари мутахассисони соҳа, бо истифода аз иҷрои амали нави ҷарроҳӣ давраи барқароршавии беморон аз як ҳафта то ба як шабонарӯз кутоҳ мегардад. Яъне, беморон агар пештар ба таври анъанавӣ ҷарроҳӣ шуда, 6-7 рӯз дар беморхона бистарӣ мегаштанд, пас аз иҷрои амалҳои миниивазивӣ баъди як шабонарӯз ба хона рухсат дода мешаванд.
Дар баробари ин, бемороне, ки бо буриши анъанавӣ ҷарроҳӣ мешуданд, тули 4 то 6 моҳ наметавонистанд, ки пурра ба фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла корҳои вазнини ҷисмонӣ баргарданд.
Баъди иҷрои амалҳои миниивазивӣ давраи барқароршавии беморон 1 моҳ идома ёфта, баъди он беморон метавонанд ба фаъолияти меҳнатӣ баргарданд.
Табибони Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дар баробари гузаронидани чунин усулҳои муосири ҷарроҳӣ ҳамзамон якҷо бо мутахассисони беморхонаи мазкур раванд ва натиҷаҳои амалиётҳои ҷарроҳиро баррасӣ карда, доир ба минбаъд анҷом додани ингуна амалҳои нави табобат мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки чунин ҳамкории мутахассисони соҳибтаҷриба ва табибони маҳаллӣ ба баланд гардидани малакаи касбии кадрҳои ҷавон мусоидат мекунад.
Боиси қаноатмандист, ки бо ворид шудани дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта ва истифодаи усулҳои муосири табобат имкониятҳои соҳаи тиб дар шаҳри Панҷакент ба таври назаррас беҳтар гашта истодааст.
Бо фароҳам гаштани имкониятҳои мусоиди ташхису табобат беморони шаҳри Панҷакент ва умуман минтақа дигар эҳтиёҷ надоранд, ки барои гирифтани чунин усулҳои нави табобат ба дигар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бираванд. Балки метавонанд дар маҳалли зисташон аз чунин амалҳои нави ҷарроҳӣ истифода намуда, вазъи саломатиашонро боз ҳам беҳтар созанд.
													
													

