Саломуддин Юсуфӣ бо раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва корҳои таъмирии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Воҳидов Бурӣ шинос гашт

Санаи 6-уми ноябри соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хизматрасонӣ ба беморон ва ҷараёни корҳои таъмирӣ аз Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Воҳидов Бурӣ” дидан намуд.

Зимни боздид сартабиби Беморхона Давлатзода Холмирзо иттилоъ дод, ки муассисаи мазкур дорои 610 кати бистаринамоӣ буда, аз 21 шӯъбаҳои табобатӣ ва 9 шуъбаҳои ёрирасон иборат мебошад.

Дар ин беморхона 1196 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 167 нафар табибон, 658 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 315 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 56 нафар кормандони техникӣ мебошанд.

​Дараҷаноки касбии табибон -75,5% ва ҳамшираҳои тиббӣ-62,2%-ро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли 2025 -13 нафар табибон аз курси такмили ихтисос гузаштанд, аз инҳо 6 нафарашон дар хориҷи кишвар (Ҷумҳурии Ӯзбекистон-5 нафар, Ҷумҳурии исломии Эрон-1 нафар) мебошанд.

Дар моҳи 9 моҳи соли 2025 -18373 нафар беморон бистарӣ гардида, табобати беморхонавӣ гирифтаанд.

Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” дар 9 моҳи соли 2025 дар ҳаҷми 110 дарсад иҷро гардида, дар ин давра ба маъюбону эҳтиёҷмандон ва аҳолии камбизоат тариқи ройгон ба маблағи зиёда аз 380 ҳазор сомонӣ хизмати тиббӣ расонида шудааст.

Ҳамарӯза ба беморхона зиёда аз 200 нафар беморон муроҷиат намуда, то 100 нафар беморон бистарӣ мегарданд. Шуъбаҳои беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ва ҷарроҳӣ таъмин буда, ҳамасола дар муассиса дар ташхис ва табобати беморон навгониҳо ворид карда мешаванд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар самти табобати беморони урологӣ, осебшиносӣ ва ортопедия, ҷарроҳиҳои умумӣ ва ҷарроҳиҳои рагҳои хунгард, инчунин дар самти гастроэнтерология бори нахуст дар вилоят 11 адад навгониҳо ворид карда шудаанд.

Дар самти таъмиру азнавасозӣ бошад, айни замон таъмири шӯъбаи беҳискунӣ ва эҳёгарии беморхона аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди анҷомёбӣ қарор дошта, инчунин таъмири берунаи бинои асосии беморхона аз ҳисоби маблағҳои худи беморхона идома дорад.

Бояд қайд кард, ки баъди анҷоми таъмири шуъбаи беҳискунӣ ва эҳёгарӣ таъмини шуъба бо таҷҳизоти нави тиббӣ ва дастгоҳҳои муосир дар назар аст.

Зимни гардиш муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба роҳбарият ва кормандони “Беморхонаи клиникии вилоятии Хатлон ба номи Воҳидов Бурӣ” дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search