Ҷаласаи гурӯҳи кории бисёрҷониба бо мақсади баҳодиҳии ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ ва оташак аз модар дар кӯдак дар Тоҷикистон доир гашт

01-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории бисёрҷониба бо мақсади баҳодиҳии ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ ва оташак аз модар дар кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, мутахассисону коршиносони соҳа ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ андешаронӣ кард.

Баъдан, доир ба натиҷаҳои баҳодиҳии ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ ва оташак аз модар дар кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷустина Ковалска, мушовири байналмилалӣ, вобаста ба пешниҳоди лоиҳаи нақшаи амалҳо барои омодагӣ ба барҳамдиҳии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ вав оташак аз модар дар кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷигул Азизуллоева ва Фахриддин Низамов, мутахассисисони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баромад карданд.

Пас аз шунидани маълумотҳо аз ҷониби иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search