Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор

08-уми декабри соли ҷорӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода” ва “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дидан карданд.

Дар ҷараёни боздид фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ, ҷобаҷогузории бошандагон дар хона-интернатҳо, вазъи риояи меъёрҳои санитарию эпидиомологӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, риояи меъёри хӯрока ба бошандагон аз рӯи меъёри тасдиқшуда, бехатарӣ аз сӯхтор, рафти мавсими зимистонгузаронӣ, риояи одоби муошират, интизоми меҳнат ва сару либоси ягонаи кормандон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани фаъолият дар ҳама самтҳо, бахусус пешгирии бемориҳои сироятӣ, фарбеҳӣ, ташаккули ғизои солим, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагии ёрирасон ва идомаи корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар Муасиссаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” аз рӯи басти вазифаҳо 122 нафар фаъолият менамоянд.

Инчунин, муассисаи номбурда барои 240 нафар пешбинӣ шуда, айни ҳол ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ 247 нафар бошандагонро фаро гирифтааст.

Муассисаи давлатии «Хона- интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» бошад, барои 230 нафар табақаҳои осебпазири кишвар, яъне пирону маъюбони имконияташон маҳдуд таъсис дода шуда, дорои 133 воҳиди корӣ мебошад, ки айни замон ба 208 нафар бошандагон хизматҳои иҷтимоию тиббӣ мерасонанд.

Дар муассисаҳои номбурда ошхона фаъолият дорад, ки бошандагонро тибқи меъёрҳои муқарраргардида бо хӯроки гарм таъмин менамояд.

Ба аҳли кормандони муассисаҳои мавриди назар супориш дода шуд, ки барои бошандагон шароити боз ҳам беҳтар муҳайё намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search