Боиси хушнудист, ки бо фароҳам гаштани шароиту имкониятҳои муосир дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат табибони Тоҷикистон имрӯзҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодаанд.
Чунин як навгонӣ, ки дар соҳаи тандурустии мамлакат бори аввал мебошад, дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бомуваффақият дар амал иҷро карда шуд.

Ба табибони маркази мазкур имкон даст дод, ки бори аввал дар Тоҷикистон ба бемори 22-солаи дорои кистаи қисми бадани ғадуди зери меъда бо усули эндоскопӣ, яъне бе буриш тавассути даҳон систогастростомияи эндоскопӣ гузаронанд.
Амалиёти ҷарроҳии мазкур аз ҷониби мудири шуъбаи ташхису табобати Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, номзади илмҳои тиб Мусоев Сорбон Шералиевич дар якҷоягӣ бо духтури ташхиси ултрасадои ҳамин муассиса Муҳаммадиева Зумрад анҷом дода шуд.
Тавре Мусоев Сорбон Шералиевич иброз дошт, дар рафти ташхис дар бемор кистаи бадани ғадуди зери меъда бо андозаи 17×9 см ошкор карда шуд, ки ин ҳолат девори қафои меъдаи беморро фишор додаву бо пайдо гаштани дард ҳолати дилбеҳазурӣ ва қайдкуниро ба вуҷуд оварда, инчунин гузариши ғизоро ба рудаи дувоздаҳгузашта душвор мекард.
“Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ба бемор пунксия ва катетеризатсияи киста тавассути девори қафои меъда таҳти назорати эндоскоп гузаронида шуда, бо истифодаи систографияи эндоскопикӣ, яъне дохил намудани ранг (контраст) ба дохили киста анҷом дода шуд. Ковокии кистаи бемор, ки бо андозаи 17×9 см муайян шуда буд, дар он стенти пластикии навъи “pigtail” бо дарозии 11 см ва диаметри 10 Fr гузошта шуд, ки дар нитҷа аз дохили стент моеъи шаффоф бо фишор ба меъда хориҷ шуд”,- гуфт номбурда.
Ба зикри ҳамсуҳбати мо, систогастростомия бо усули эндоскопии зери назорати ултрасадо ва рентген иҷро карда шуда, пас аз 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ ташхиси назоратии ултрасадои узвҳои шикам коҳиши андозаи кистаро дар бемор то 4 см нишон дод ва бемор ба хона рухсат дода шуд.
Мавриди қайд аст, ки қаблан барои табобати чунин беморон ба таври кушода, яъне бо буриши ҷисм амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешуд, ки ин ҳолат агар аз як ҷониб бо осеби бадани бемор анҷом меёфт, аз ҷониби дигар муҳлати табобат ва барқарор гаштани вазъи саломатии беморонро зиёдтар мекард.
Систогастростомияи эндоскопӣ як амалиёти эндоскопие мебошад, ки дар он байни кистаи ғадуди зери меъда ва девори қафои меъда анастомоз (дренаж) барои холи кардани мундариҷаи (моеъи) он бе буриш сохта мешавад.
Бо усули нави ҷарроҳӣ акнун беморон метавонанд бе буриш ва ҳамзамон баъди 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона ба хонаашон рухсат дода шаванд.
Дастоварди навбатии табибони Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо дар кишвари мо барои анҷом додани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст ва мутахассисони баландихтисос бо маҳорату малака ва дониши баланди касбӣ метавонанд беморонро бо усулҳои нави муосир ташхису табобат намоянд.


