Ҷаласаи навбатии шабакаи миллии “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” баргузор гардид

25-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шабакаи миллии «Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал» баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Юсуфзода, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар доираи амалисозии лоиҳаҳои «Масъулияти бештар, зарфияти беҳтар, дигаргуниҳои амиқтар — дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди ҷомеаи фарогир дар Тоҷикистон» ва «Тавонбахшӣ ва дастгирии муштараки маъюбон ва гурӯҳҳои осебпазир, рушди созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешбурди омодагии фарогир оид ба коҳиши офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Дания маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Миссия Восток дар ҳамкорӣ бо шарикон дар 6 шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон амалӣ мешаванд. Лоиҳаҳо қисми барномаи «Маъюбият ва фарогирӣ»-и Миссия Восток буда, ба баланд бардоштани иқтидори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҳтар намудани татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакон ва шахсони дорои маълулият равона гардидаанд.

Ҳадафи асосии ҷаласа татбиқи фаъолиятҳо дар асоси модели тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, фароҳам овардани фазои мусоид барои муошират, мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи барномаҳои марбут ба маъюбият ва фарогирӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Дар анҷом иштирокчиён вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва густариши татбиқи модели тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати рушди ҷомеаи фарогир пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram