Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ доир гашт

Имрӯз, 27-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 вохурӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал-майор Илёсзода Хайриддин Саидаҳмад, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва кормандони вазорат ширкат варзиданд.

Дар вохурӣ сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Илёсзода Хайриддин Саидаҳмад бо маърӯза баромад карда, аз ҷумла иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим ва фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба шумор меравад.

Қайд карда шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои минбаъдаро муайян намуда, аз ҳар як сокини кишвар тақозо менамояд, ки барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю талош биварзад.

Дар ин замина, таъкид гашт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав ноил мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанг пешравиҳои назаррас рӯйи кор меоянд.

Иброз гардид, ки суханони Пешвои миллат моро водор месозанд, ки барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон, диққати махсус зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намуда, ба анҷом додани ободкорию ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ талқин созем.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器