Гузаронидани корҳои мониторингӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан

Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд корҳои мониторингӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ баргузор гардиданд.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2026 таҳти №1-18-278 аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он вазъи риояи талаботи қонунгузории соҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Ҳадафи асосии корҳои мониторингӣ пешгирии муомилоти ғайриқонунии доруҳои нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсири дар тиб истифодашаванда, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва масъулияти касбии кормандони соҳаи тиб ва фарматсевтӣ дар самти риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни ҷаласаҳо масъалаҳои марбут ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи тандурустӣ, тартиби дурусти муомилоти қонунии доруҳои нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсир, назорати фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, инчунин қоидаҳои дурусти барасмиятдарории дорухат ва талабот нисбати он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, корҳои мониторингӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан идома ёфта, дар ҷаласаҳои баргузоргардида бо иштироки кормандони соҳаи тиб ва фарматсевтӣ 178 нафар ширкат варзиданд.

Дар рафти мулоқотҳо ба иштирокчиён доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии ҳолатҳои қоидавайронкунӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбӣ тавсияҳои муфид дода шуданд. Инчунин маводҳои иттилоотии марбут ба мавзӯъ дар шакли электронӣ ба иштирокчиён пешниҳод гардиданд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳри Хуҷанд 216 дорухона ва 100 муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият дошта, дар шаҳри Истаравшан бошад 133 дорухона ва 36 муассисаи хусусии тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Зикр гардид, ки маводи дорувории нашъадор, психотропӣ, заҳрнок ва сахттаъсир дар шакли доруҳои омехта истифода бурда мешаванд ва онҳо танҳо барои табобати беморон бо вояи муқарраршуда пешбинӣ гардидаанд.

Дар анҷоми чорабиниҳо ба кормандони муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти худ талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии доруҳои нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсир саҳми фаъол гузоранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search