Ба шуъбаи ангиографияи Донишкади тиббӣ-иҷтимоӣ бори аввал дар Тоҷикистон дастгоҳи Метрум Криофлекс дастрас гашт, ки дардҳои музминро дар муддати кутоҳ бартараф мекунад

Бо дастрас гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосир имрӯзҳо баҳри ташхису табобати бемориҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз онҳо вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар намоянд.

Ба шуъбаи ангиографияи Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон дастгоҳи муосири Метрум Криофлекс (Metrum Cryoflex) ворид карда шуд, ки дар кишвар аввалин мебошад.

Раҳимов Фаршед Рустамович, мудири шуъбаи ангиографияи Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди донишкадаи мазкур иброз дошт, ки ин дастгоҳ барои бартараф кардани дардҳои музмин дар беморон истифода бурда мешавад.

Барои истифодабарии дастгоҳи мазкур чанде қабл мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Қазоқистон давоми чор рӯз дар шуъбаи ангиографияи Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон қарор дошт, ки ӯ дар якҷоягӣ бо мутахассисони тоҷик барои табобати бемороне, ки муддати солҳои дароз гирифтори дардҳои музмин дар тахтапушт, миён, буғумҳои даст ва поча, инчунин дарди сар буданд, табодули таҷриба баргузор намуд.

Пас аз табодули таҷриба ва омухтани нозукиҳои усули бартарафсозии дарди беморон бо истифода аз дастгоҳи муосири Metrum Cryoflex аллакай як қатор муроҷиаткунандагон, ки гирифтори дардҳои музмин дар тахтапушт, буғумҳои дасту поча ва дигар узвҳо буданд, дарди онҳо бартараф ва дар натиҷа вазъи саломатиашон беҳтар гардид.

Раҳимов Фаршед Рустамович иброз дошт, ки тавассути ин дастгоҳ бо истифода аз ҳарорати пасти аз -73 то -90 градус дар беморон ҳолати бедардкунӣ, яъне денерватсия гузаронида шуда, дардҳое, ки дар мавзеъҳои тахтапушт, миён, буғумҳои даст ва ё поча, ҳамзамон дар қисми гардании сутунмуҳра ва сар эҳсос мегарданд, пас аз гузаронидани Криоабблатсия пурра бартараф карда мешаванд.

Рафти бартарафсозии дард тариқи ултрасадо ё Ангиограф ба роҳ монда шуда, давомнокии амалиёт ҳамагӣ 20-30 дақиқаро дарбар мегирад, ки он бидуни мадҳушкунии бемор гузаронида мешавад.

Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки қаблан барои бартараф кардани дардҳои музмин дар ин мавзеъҳо беморон аз маводҳои доруворӣ муддати дароз ё доимӣ истифода мебурданд, ки он ҳам бошад таъсири муваққатӣ дошт.

Баъди бартараф намудани дардҳои музмин тариқи дастгоҳи муосири дастрасшуда барои чунин беморон дигар ниёз ба истифодаи доимии маводҳои бедардкунанда боқӣ намонда, беморон пурра аз дард халос мешаванд.

Яъне, дастрас гардидани чунин дастгоҳи муосири тиббӣ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо табибони ватанӣ бо истифода аз донишу таҷрибаи баланди касбӣ тамоми бемориҳоро бо усулҳои нав ташхису табобат менамоянд, ки ин омил албатта, аз рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search