Шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор

Имрӯз, 25-уми апрели соли равон директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Сафарзода аз Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дидан ба амал овард.

Дар ин ҷо нахуст номбурда аз бахши навтаъсиси дузандагии муассиса боздид намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ки дар ин бахш, ки ба таври миллӣ ва замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст, се адад мошинаи дузандагӣ насб гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Бояд гуфт, ки қаблан як адад мошинаи дузандагӣ дар бахши мазкур фаъолият мекард.

Баъди ба шумораи се адад расонидани мошинаҳои дузандагӣ акнун тамоми корҳои дузандагии муассиса дар ин бахш мунтазам ва пурра анҷом дода мешаванд. Махсусан, духтани либосҳо, болиштҳо ва курпаву курпачаҳо аз ин ба баъд дар дохили муассиса духта хоҳанд шуд.

Қайд карда шуд, ки пахта ва матоъҳои лозима аз тарафи муассиса пешниҳод гашта, мутобиқи ниёзи бошандагон ҳамаи ашёҳои лозимӣ бо сатҳу сифати баланд омода ва пешниҳоди истифодабарандагон гардонида мешаванд.

Дар доираи сафари корӣ Абдулло Сафарзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои хобгоҳи бошандагон дидан намуд.

Гуфта шуд, ки ин бино барои 60 нафар бошандагон дар назар дошта шуда, ҳоло корҳои рангу бори берунӣ ва таъмири дохили ҳуҷраҳо бомаром идома дорад.

Таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сатҳу сифати баланд ва то ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расонида шаванд.

Инчунин директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода аз хобгоҳи занонаи муассисаи болозикр низ дидан карда, бо шароит ва сатҳи хизматрасонии он шинос гашт.

Дар идомаи боздиди хеш Абдулло Сафарзода ҳамзамон аз ҷараёни рехтани таҳкурсии бинои дигари хобгоҳи хона-интернати мазкур, ки барои 220 бошанда пешбинӣ гаштааст, низ дидан карда, бо сохтмончиён ва масъулин суҳбат анҷом дода, барои босифати баланд анҷом додани корҳо ба онҳо дастуру тавсияҳо дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search