Боздид аз Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва суҳбат бо наздикону пайвандони беморон

Имрӯз, 14-уми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва суҳбату вохуриҳо бо наздикону пайвандони беморон ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ташриф овард.

Дар муассисаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кормандони марказ дар самти баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, одоби муошират бо беморон ва дигар масъалаҳои соҳа суҳбат анҷом дод.

Дар саҳни бинои Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо доираи васеи наздикону пайвандони беморон суҳбати озоду ошкоро намуда, аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба беморон пурсон шуд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки дар доираи шароиту имкониятҳои мавҷуда роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии беморони онкологӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ пайваста талош намуда, фаъолият дар ин самт минбаъд низ тақвият хоҳад дод.

Дар идома ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дастрасии аҳолӣ барои ташхису табобати бемории саратон низ дар баробари дигар самтҳои соҳа яке аз бахшҳои муҳим низ ба шумор рафта, дар ин ҷода давоми солҳои охир як қатор чораҳои саривақтӣ ва амалӣ руи кор гирифта шуданд.

Махсусан, дар амал иҷро намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ, ки қаблан шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани онҳо бо харҷи зиёди вақт ва маблағ ба хориҷи кишвар мерафтанд, айни ҳол дар Ватани азизамон аз ҷониби мутахассисони соҳаи саратоншиносии кишвар чунин усулҳои нодири ҷарроҳӣ дар беморон гузаронида мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram