Женева. Вохурии вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба муҳокимаи ниҳоии “Харитаи роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026-2030”

Аз 18 то 23-уми майи соли равон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ки дар доираи он чорабиниҳои сатҳи баланд дар назар аст. Яке аз нишастҳои муҳим, оид ба ниҳоӣ намудани лоиҳаи “Харитаи Роҳ барои саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026–2030” (DHCA 2.0) бо иштироки вазирони тандурустии кишварҳои Осиеи Марказӣ баргузор гашт. Дар ин чорабинӣ доктор Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) барои Аврупо, вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки таҳияи “Харитаи Роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026–2030” (DHCA 2.0) ба як раванди воқеан муҳими сиёсӣ, аз муколамаи аввалия дар Душанбе то машваратҳои амиқи техникӣ, таҳияи механизмҳои идоракунӣ ва мувофиқа дар бораи равишҳои амалиётӣ табдил ёфтааст.

Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки DHCA 2.0 ва Дастурҳои амалиётӣ барои татбиқи он ба таври васеъ мувофиқа шудаанд, механизмҳои асосии идоракунӣ таъсис дода шудаанд ва минтақа омода аст, ки ба марҳилаи тасдиқ ва оғози татбиқи он гузарад. Ин марҳила бо назардошти он ки соли 2026 дар ИДМ Соли тандурустӣ эълон шудааст, махсусан муҳим аст.

Қайд гардид, ки дар чаҳорчубаи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ “Харитаи Роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026–2030” на танҳо як ҳуҷҷати стратегӣ, балки ҳамчун воситаи амалӣ барои татбиқи ин рӯзнома, платформаи ҳамоҳангсозӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Дар анҷоми баромади хеш Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули “Харитаи Роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026–2030” омодааст ва ният дорад, ки дар татбиқи он дар соҳаҳои афзалиятнок фаъолона иштирок кунад.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус низ вохурӣ анҷом дод.

Зимни вохурии кутоҳ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфӯзи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба давлатҳои Аврупо, вазирони тандурустии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон низ дар доираи чорабинии мазкур вохурӣ намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search