Иқдоми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муаррифии тибби тоҷик дар арсаи ҷаҳон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон барои поси хотир ва арҷгузорӣ ба гузаштаи бою ҷовидонаи миллати тоҷик ташаббусҳои бузургеро амалӣ намудаанд, ки онҳо пеш аз ҳама ба муаррифии комили миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат кардаанд.

Бинобар ин, дар замони муосир ва дар марҳилаи муҳими ҷараёни ҷаҳонишавӣ барои миллати шарафманди тоҷик хидматҳои таърихӣ, талошҳои хастанопазир, дастовардҳои бемисл, эҳёи осору намунаҳои таърихии ниёгонамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаромушнашаванда боқӣ мемонанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 2026 “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки иқдоми зикршуда ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.

Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.

Воқеан, давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар Тоҷикистон ба хотири гиромидошти шахсияти нобиғаи ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино ба исми мубораки ӯ номи донишгоҳ, ноҳия, ҷоизаи давлатӣ гузошта шудаву даҳҳо иқдому ташаббусҳои дигар низ амалӣ карда шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсият ва осори мондагори Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино чунин гуфтаанд: “Осори адабии ӯ бо забони форсии тоҷикӣ, арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони мо нақши барҷаста дорад. Бояд гуфт, ки дар қарни 10-и милодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае ба мисли ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони зиндагонии Абуалӣ ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиёту фарҳанги мо буд, ки давлатдории Сомониёнро шуҳрати ҷаҳонӣ додааст”.

Инчунин, Роҳбари давлат дар китоби худ “Чеҳраҳои мондагор” дар мавриди ин ҳакими тоҷик сухан ронда, менависанд: “Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост”.

Қадршиносии дигари ин марди шариф ворид намудани иди касбии табибони Тоҷикистон ба номгӯи идҳои давлатӣ дар Парлумони Тоҷикистон дар санаи 18-уми августи соли 1995 мебошад, ки то имрӯз иди касбии табибони Тоҷикистон дар рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Тавре аз саҳифаҳои таърих аён аст, Абуалӣ ибни Сино аз зумраи маъруфтарин донишманду файласуф, ҳакиму табиб, равоншиносу риёзидон, ситорашиносу шоир шинохта шуда, ба ӯ унвони Шайхурраисро нисбат додаанд. Ӯ аз пурмаҳсултарин олимон ва адибони ҷаҳон эътироф гаштаву фаъолияти эҷодиаш аз 17-18 солагӣ шурӯъ шуда, то 40 сол давом кардааст.

Дар ҳақиқат, осори ҷовидонаи Абуалӣ ибни Сино ниҳоят зиёд ва баландарзиш аст. Аз рўйи тадқиқ ва ҳисоби донишманд Саид Нафисӣ, миқдори асарҳои ӯ ба 456 адад мерасад.

Имрўзҳо зиёда аз 160 асари Абуалӣ ибни Сино дар китобхонаҳои гуногуни олам нигоҳ дошта мешаванд, ки аз ин 23 асари вай бо забони тоҷикӣ-форсӣ эҷод шудаанд.

Китобҳои ин нобиғаи барҷастаи тоҷику форс аз давраҳои қадим то кунун асарҳои руйимизии олимону донишмандон ва табибони олам ба шумор мераванд, ки албатта, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷик аст.

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барҳақ ифтихори халқи тоҷик мебошад. Асарҳояш, амсоли “Ал-Қонун”, “Китоб -уш -шифо”, “Донишнома”, “Китоби инсоф”, ки ба забони арабӣ ва тоҷикӣ иншо шудаанд, ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд.

Шуҳрату овозаи ӯ дар Аврупо ҳанӯз баъди тарҷумаи осори фалсафӣ ва махсусан, тиббиаш камтар аз Шарқ набуда, китобҳои тиббии ӯ дар қатори осори чунин бузургоне, аз қабили Буқрот, Ҷолинус ва Арасту омухта шуда, дар бисёре аз мактабҳои олии Аврупо чун дастуруламалҳои тиббӣ дар донишкадаҳо ва бемористонҳо то асрҳои XVII-XIX истифода мешуданд ва қадршиносии мероси ӯ дар кишварҳои Аврупо имрӯз ҳам идома доранд. Ҳанӯз сад сол баъди вафоти Ибни Сино “Ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ аз тарафи яке аз машҳуртарин тарҷумонҳои мактаби тарҷумонии Толедо Герарди Кремонӣ ба забони лотинӣ тарҷума гардид.

Бо эҳтимоли қавӣ метавон иброз дошт, ки дар таърихи илм ва фалсафаи ҷаҳон баъди Арасту Ибни Сино ҳамчун нобиғаи бемисл муаррифӣ гардида, атрофи ҳаёту эҷодиёти илмиву бадеӣ ва публитсистии ин олими давр намояндагони тамоми халқиятҳои олам, аз ҷумла ҳамзабононаш мақолаҳо, китобу рисолаҳо ва асарҳои публитсистии тарҷумаҳолӣ навиштаанд.

Ибни Сино донишманду табиби тавоно, ҳакими ҳама гуна дарду даво дар фалсафа, мантиқ, илми мусиқиву забони арабӣ низ шахсияти нодири даврони хеш буду дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда арза доштааст. Хоса хидматҳои ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо хеле бузург аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар самти табобат равишҳои тоза пайдо намуда, барои дармони беморӣ аз ҳеҷ равиши муфид худдорӣ намекард.

Ӯ аз табори аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хурокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст.

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар баробари роҳҳои табобати бемориҳо бо гиёҳу ҷарроҳӣ, навъи табобат аз рӯйи маслиҳатро низ хеле орифона ба мардум мерасонид. Махсусан, парҳезкорӣ ва шикастанафсиро яке аз манбаҳои мубтало нагаштан ба бемориҳо арзёбӣ намуда, ба воситаи офаридаҳояш мардумро таъкид мекард, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва аз пурхурӣ канорагирӣ намоянд.

Андешаи бебаҳои Синои бузург: «касе, ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад, ба ҳеҷ доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст»,-шаҳодатест ба гуфтаҳои болозикр.

Бо итминони комил метавон иброз намуд, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар Тоҷикистон бори дигар таваҷҷуҳи коршиносону мутахассисони соҳаи тибро ба осор ва шахсияти ин нобиғаи давру замон ҷалб менамояд.

Дар баробари ин, ба роҳ мондани ин ташаббуси беназир табибони кишварро водор месозад, ки баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ аз пештара бештар кушишу талош намуда, вориси арзанди Синои бузург будани хешро боз ҳам собит намоянд.

Дар ҳамин замина, зикр кардан ҷоиз аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла дар яке аз баромадҳои хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошта буданд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум бойигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар сохтори тандурустии мамлакат ҷараёни бозсозии соҳа, аз он ҷумла таҳияи заминаи нави конунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, такмили системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ, рушд ва таҳкими кўмаки аввалияи тиббию санитарии бо тибби оилавӣ асосёфта, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ авҷ гирифт.

Дар таърихи навини кишварамон, дар раванди ислоҳоти соҳа, вобаста ба беҳбуди дастрасии хизматрасонии тиббӣ тавассути таҷдиди сохтор ва ҳамгироии системаи фароҳам овардани кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, муносибгардонии захираи катҳо ва сохтори муассисаҳои бистаринамоӣ, тақвияти нерўи кадрии соҳа, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбуди таъминот бо доруворӣ, ворид намудани намудҳои нави маблағгузорӣ, дар асоси дастовардҳои илмӣ татбиқи усулҳои нави ташхисию табобатӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, барқарорсозии солимии беморон ва маъюбон ва рушди заминаи иттилоотии идоракунӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, дар самтҳои мухталифи соҳа ниёзи аҳолӣ ба хизматрасонии ҳозиразамону босифат қонеъ карда шуд.

Боиси хушнудист, ки маҳз дар натиҷаи тадбирандешиҳои зарурӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар кишвар баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ду донишгоҳ, се донишкада ва 36 коллеҷҳои тиббии давлативу хусусӣ фаъолият менамоянд.

Давоми солҳои охир мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар ба мамлакатҳои хориҷӣ сафар карда, донишу малакаи худро баланд бардоштаву ба Ватан баргашта, дар самти ташхису табобат ва ҷарроҳиҳои мураккаб ба навгониҳо ноил гаштанд

Махсусан, аз ҷониби олимони тибби тоҷик амалиётҳои ҷарроҳии пайванди узвҳо (гурда, ҷигар), ивази буғум, амалиётҳои ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ дар соҳаи акушерӣ–гинекологӣ, стенткунонии роҳҳои шараёни қалб ва амалиётҳои ҷарроҳии пластикӣ, ҷарроҳиҳои муосир дар самти табобати бемориҳои асаб, дил, фарбеҳӣ ва даҳҳо усулҳои нави ташхису табобати дигар ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамзамон, як қатор навгониҳои нави дар самти табобат воридшуда қаблан ба таври ҷарроҳии кушода, яъне ба таври буриши бадани бемор анҷом дода мешуданд, ки барои барқарор шудани ҷароҳатҳо вақти бистарии бемор дар беморхона тул мекашид.

Ҳоло бошад, бештари чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи ҳозиразамон, аз қабили лопороскоп ва эндоскоп анҷом дода мешаванд, ки ин имкон медиҳад, бемор бо ҷароҳати кам ва дар муддати кутоҳ аз беморхона рухсат карда шавад.

Яъне, соҳаи тандурустии кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешравиҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад.

Айни ҳол дар кишвар “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва зиёда аз 20 барномаҳои соҳавӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ бомуваффақият амалӣ гашта истодаанд.

Иҷрои барномаҳои соҳавӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ нақши бориз гузошта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуда истодаанд.

Маҳз дар натиҷаи ба роҳ мондани ислоҳоти ҷиддии соҳа на танҳо шумораи муроҷиати шаҳрвандони мамлакат барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ коҳиш ёфт, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ низ ба муассисаҳои тиббию табобатии кишвар зиёд гардида истодааст.

Дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки идомаи мантиқии иқдому ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, гувоҳи равшани ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ мебошад.

Ҳамзамон, ҷоизаи мазкур метавонад дар муаррифии дастовардҳои табибони Тоҷикистон низ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд, ки албатта, ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо маҳз бо талошу кушиш ва иқдому ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст хоҳанд омад.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи худ ва тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозӣ намудани чунин ҷоизаи бонуфӯзи байналмилалӣ дар соҳаи тиб изҳори миннатдории худро баён медорам ва итминони комил дорам, ки амали намудани ин иқдом баҳри ҳарчи бештар ба дастовардҳои илмиву таҳқиқотӣ ноил гардидани табибони ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Абдуллозода

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search