Таъсири манфии истифодаи тамоку ба саломатии инсон

Тамокукашӣ яке аз бузургтарин таҳдидҳо ба ҷомеа ва солимии аҳолӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол 31 май бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди тамоку ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз, ҷалб намудани диққати ҷомеа ба хатарҳои ҷиддии тамоку ва ҳавасманд кардани одамон ба тарзи ҳаёти солим аст.

Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), ҳар сол зиёда аз 7 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба тамоку ҷон медиҳанд, ки аз ин шумора қариб 1,6 миллион нафар қурбониҳои дуди дуюмдараҷа мебошанд. Истифодаи тамоку на танҳо умрро кӯтоҳ мекунад, балки сифати ҳаётро ҳам хароб карда, ба ҳазорҳо оилаҳо азоби ҷисмонӣ ва равонӣ мерасонад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки сабаби асосии фавти нобаҳангом аз бемориҳои фишорбаландӣ ва сатҳи баланди холестерин дар аксар маврид  натиҷаи истифодаи маҳсулоти тамоку мебошад.

Маъмулан дар таркиби ҳама  навъи маҳсулоти аз тамоку тайёркардашуда  маводи никотин мавҷуд аст, ки ба саломатии инсон зарар мерасонад ва вояи безарарӣ тамоку умуман вуҷуд надорад. Ва навъи вусъатёфтаи маҳсулоти тамоку, ин кашидани сигор мебошад. Ба навъҳои дигари аз маҳсулоти тамоку тайёркардашуда, сигаретаи бо дудполо (бо филтр), сигаретаи бе дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигараҳо, чилимтамоку, сигорҳои электронӣ (вейпҳо)  ва нос дохил мешаванд.

         Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки ҳар як сигор 12 дақиқаи умри сигоркашро кам мекунад. Бо ҳисоби миёнаи умумӣ, 5-7 соли умри сигоркашонро бемориҳои вобаста ба сигоркашӣ кам мекунад. Инчунин зимни таҳқиқотҳо маълум карда шудааст, ки дар таркиби тамоку зиёда аз 4000 намуди моддаҳои кимиёвӣ мавҷуд буда, бештари онҳо қобилияти заҳролуд кардани организмро доранд. Алалхусус, қатронҳои тамоку хатарнок буда, дар таркибашон моддаҳои кансерогенӣ ва элементҳои  радиоактивӣ, хусусан полоний -210, ки қобилияти хурўҷи паҳншавии бемориҳои омос ва саратонро доранд, инчунин маводи никотин, ки хусусияти ташаккул ёфтани вобастагии организмро дорад, мавҷуд мебошанд.

Аз ин сабаб сигоркашӣ ба пайдошавии бемориҳои саратони шушҳо, нойи нафас, гулу, сурхруда, ғадуди зери меъда оварда мерасонад. Собит гардидааст, шахсоне, ки худ сигор намекашанд ва дар баъзе ҳолатҳо маҷбур мешаванд, ки аз дуди ғализи он нафас кашанд, яъне ғайрифаъол аз маҳсулоти тамоку заҳролуд мешаванд, онҳо низ метавонанд ба бемориҳои саратон гирифтор шаванд.

Тамокукашӣ, дар бисёр маврид, яке аз сабабҳои хурўҷи асабонияти тамокукашон мебошад, махсусан инро дар наврасон ва ҷавонон мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳо хашмгину бадқаҳр гардида, хобашон ноҷўр мешавад ва дар онҳо парешонхотирӣ, суст гардидани эътиборнокӣ, зайиф гардидани хотира, вайрон шудани фикрронӣ ва ошуфтаҳолӣ зоҳир мегардад. Одатан наврасону ҷавонон камбудиҳои худро махфӣ медоранд, пинҳонӣ тамоку мекашанд, саросемавор дуди тамокуро фурў мебаранд, ки дар натиҷа дуди никотин ду маротиба бештар ба организми онҳо таъсир мерасонад. Сабаби тамокукашӣ дар даврони кўдакӣ, пеш аз ҳама ин кунҷковӣ зери таъсири шахсиятҳои бадрафтор, майли дар назди ҳамсолон худро  ҳамчун ба балоғатрасида нишон додан  мебошад.

Боиси таассуф аст, ки солҳои охир духтароне, ки дар баъзе мавридҳо ба суиистеъмоли маҳсулоти тамоку даст мезананд, шумораашон зиёд шуда истодаанд. Ба организми зан маводи никотин зарари бештар дорад. Алалхусус, тамоку кашидан ҳангоми ҳомиладорӣ хавфнок аст. Никотин бевосита ҷанинро заҳролуд гардонида, ба қобилияти ҳаётии организм таъсири манфӣ мерасонад. Тадқиқотҳои олимон дар ин самт нишон доданд, ки баъд аз таваллудкунии занҳои тамокукаш аз 100 ҳодиса дар 85 ҳолати он нуқсонҳои модарзодӣ дида мешаванд. Ҳангоме ки модар тамоку мекашад, маводи никотин аз шири ў хориҷ мешавад, ки ин боиси заҳролудшавии кўдак мегардад ва дар натиҷа кўдак беқувват, барҷастатар ва гирифтори бемориҳои гуногун мегардад. 

Тақрибан 90% тамокукашони калонсол кўшиш менамоянд, ки тамокукаширо мустақилона қатъ намоянд ва бархе аз онҳо  гўё ба намуди «сабук» -и тамоку, яъне сигорҳои электронӣ (вейпҳо) гузашта,  ҳатто тасаввур намекунанд, ки чӣ гуна тарзу усули  тамокукаширо тағйир дода истодаанд ва барои ворид шудани никотини ниҳоятдараҷа  ба организм амиқтар фурў рафта истодаанд. Ширкатҳои истеҳсолкунандаи сигорҳои электронӣ тарғиб менамоянд, ки гўё ба истеъмоли сигорҳои электронӣ гузаштан, ин амал як роҳи алтернативии коҳиши зарар аз маҳсулоти тамоку буда, дар интиҳо бо ин восита аз тамокукашӣ даст кашидан мумкин аст. Аммо таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки никотин ва дигар моддаҳои кимиёвӣ, ки дар сигорҳои электронӣ мавҷуд ҳастанд, зарарашон аз сигорҳои муқаррарӣ дида зиёдтар мебошанд ва ин роҳи халосӣ аз ин амали номатлуб нест.

Собит гардидааст, ки дар оилае, ки падару модар тамоку намекашанд, шумораи фарзандони тамокукаш 37% ва дар оилаҳое, ки падару модарон тамоку мекашанд, 66,0% фарзандон метавонанд, тамокукаш гарданд. Чунин хунукназарии калонсолон боиси ҳақиқати ғайричашмдошт мегардад.

Бояд зикр кард, ки миёни ҷавонон истифодаи чилим (калян) мўд шудааст, ки баъзеҳо андеша доранд, дуде, ки аз об мебарояд,  аз пайвасташавии моддаҳои хатарнок тоза мегардад. Инчунин дуди чилим амалан мисли дуди сигор буда, аз рўи баъзе нишондодҳо нисбат ба гази карбон хавфноктар мебошад. Ҳатто вобастагии никотин сарфи назар аз он ки об воқеан як миқдор маводи никотинро боз медорад, дар ин барорбар хурўҷ меёбад. Яке аз хавфи бавоситаи он, ин одати аз даст ба даст додани чилим мебошад. Ҳангоми иваз кардани найчаи чилим эҳтимоли сироятёбӣ аз вирусҳои барангезадагони бемориҳои сил, ҳепатит ва дигар намуди бемориҳо, ки онҳо дар найча ва дар оби чилим хуб ҷой мегиранд, имкон дорад.

Маҳсулоти дигари тамоку, ки дар баъзе кишварҳои Осиёи Миёна, хусусан дар баъзе минтақаҳои кишвари мо хеле дастрас аст, ин нос мебошад, ки қисматҳои асосии носро хокаи тамоку ва ишқор (оҳаки шукуфта) ташкил медиҳад. Нос дар шароити хона тайёр карда мешавад. Расман нос маводи нашъадор ҳисобида намешавад, аммо  нос дар таркибаш иловаҳои гуногун дорад ва истеъмолкунандагони он метавонанд ба осонӣ ба бемориҳои дарди рўда ва паразитӣ, инчунин вируси ҳепатит сироят ёбанд. Шахсоне, ки нос мекашанд, дар навбати аввал пардаи луоби дохили даҳон, дандонҳо ва узвҳои ҳозимаи онҳо зарар меёбанд.  80% ҳодисаҳои саратони забон, лаб ва дигар узвҳои дохили даҳон, инчунин ҳалқ ба кашидани нос вобаста мебошанд. Ҳангоми кашидани нос вобастагии никотин хурўҷ меёбад, чунки он маводи асосии таъсирбахши нос ва сигор мебошад. Никотин ба қадри кофӣ зери таъсири оҳаки шукуфта ба зудӣ дар хун якҷоя шуда, пардаи луоби дохили даҳонро вайрон месозад.  Баъд аз кашидани он пас аз 15 сония таъсираш ба майнаи сар мерасад. Суръати таъсири никотин ба майнаи сар ҳамчун  маводи нашъадоре, ки тариқи сўзандору ба организм ворид карда мешавад, баробар мебошад. Яке аз хусусиятҳои майл ба тамоку доштан ин ба зудӣ ҳал шудани никотин ва ҷаббида шудани он ба бофтаҳои равғанини организм мебошад (дар 2 соат як қисми никотин, ки дар хун ворид шудааст, ҳал мешавад) ва ин сабаб мегардад, ки дубора майлу хоҳиш барои кашидани он дар шахс  пайдо гардад. Кашидани  доимии тамоку тамокукашонро аз одат ба дилбастагии аз ҳад зиёди рўҳӣ ва ҷисмонӣ, яъне ба вобастагӣ меорад.

Заҳролудшавӣ аз никотин, асосан ба системаи асаб, cистемаи дилу рагҳо ва системаи роҳҳои  нафас таъсири манфӣ мерасонад.

Барои табобат гирифтан аз вобастагии никотин ба мутахассисони соҳа  муроҷиат кардан ҳатмӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани маҳсулоти тамоку» аз 29 декабри соли 2010 қабул гардидааст ва мавриди амал қарор дорад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 28 январи соли 2013 бо мақсади роҳандозӣ намудани тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» ба имзо расид.

Ҳадафи фармони мазкур аз ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар мамлакат ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» иборат мебошад.

Тибқи муқаррароти қонуни дар боло зикргардида  кашидани ҳама навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ ва коргоҳҳои давлатӣ қатъиян манъ мебошад. Ҳамчун  дар моддаи 5, банди 2-и  қонун омадааст, ки фурўши маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар ҳолати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамокуро мехарад, фурӯшанда уҳдадор аст аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синнашро талаб намояд. Агар аз ҷониби харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синнаш пешниҳод нагардад, фурӯшанда фурӯхтани маҳсулоти тамокуро ба ӯ рад мекунад.

Чораҳои аз ҷониби ҳукумати кишвар андешидашуда, ки барои таъмини солимии аҳолӣ  роҳандозӣ гардидаанд, хусусан насли наврас ва ҷавонро аз хатари зарар ба саломатӣ эмин нигоҳ дошта, ба рушди минбаъда мусоидат менамоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки тамокукашӣ интихоби озод нест, ин вобастагии хатарнок аст, ки ҳаёти шумо ва атрофиёнро хароб мекунад.

Зиндагии бе тамоку, гарави тандурустӣ ва беҳтарин сармоя аст!

Биёед, якҷоя барои ҷомеаи солим ва ояндаи бе тамоку мубориза барем!

                                                         Набизода Маҳмадраҳим Набӣ,             

                                                      директори МД “Маркази миллии

                                                       мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ”

                                                         Исматова Тахмина Саидмуродовна,

                                                         сардори шуъбаи пешгирии

                                                   нашъамандӣ

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search