Боздид аз муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ пас аз таъмир

Имрӯз, 09-уми июни соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз биноҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе пас аз таъмиру тармим дидан ба амал овард.

Маврид ба зикр аст, ки хадамот ва маркази мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоиди корӣ барои кормандон аз таъмиру тармим бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ барои пеш бурдани фаъолияти корӣ, аз ҷумла гузаронидани таҳлилҳои лабараторӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ҷараёни боздиди хеш Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти фаъолияти Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорат ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе шинос гашта, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вохурӣ бо Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус ва иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланд

Чаро мардон бештар ба бемории сил гирифтор мешаванд?

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram