Аз 9-ум то 11-уми июни соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико иҷлосияи 19-уми Конфронси давлатҳои иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият (CRPD) доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади хеш номбурда иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони дорои маъюбӣ ва пиронсолон қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошанд, ки ба тақвияти сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд.

Гуфта шуд, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии давлатиро пайваста амалӣ намуда, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ ва демографӣ, сармоягузорӣ ба инсонро шарти муҳимтарини рушди дарозмуддати кишвар медонад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар солҳои охир ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоии худро, ки ба беҳтар кардани самаранокӣ, ҳадафгирӣ ва дастрасии он нигаронида шудааст, амалӣ мекунад.
Зикр гардид, ки қадами калидӣ дар ин ислоҳот қабули Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 мебошад, ки дурнамои дарозмуддати бунёди низоми муосир, устувор ва фарогири ҳифзи иҷтимоиро, ки ба ниёзҳои афрод дар тули ҳаёташон нигаронида шудааст, муайян мекунад.
Зимни баромади худ Ҳабибулло Хайруллозода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаҳои ниҳоии омодагӣ барои тасдиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон қарор дорад: -Мо воридшавии дарпешистодаи худро ба ин Конвенсия на танҳо ҳамчун иҷрои уҳдадории байналмилалӣ, балки пеш аз ҳама ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти дар кишвар ҷараёндошта мешуморем,-иброз дошт номбурда.

Ҳамзамон номбурда иброз дошт, ки мо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, бахусус Департаменти корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (UNDESA)-ро, ки солҳои тулонӣ ба Тоҷикистон дар тақвияти иқтидори миллӣ ва таҳияи сиёсати фарогири иҷтимоӣ кумак мекунад, баланд арзёбӣ мекунем. Қайд гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои имкониятҳои назаррас барои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мубодилаи таҷриба дар татбиқи Конвенсияи мазкур, таҳияи системаҳои нигоҳубини дарозмуддат ва ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионии иҷтимоӣ мебошанд.
Иброз гашт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки минбаъд низ дар ин равандҳо фаъолона иштирок кунад ва дар ташаккули ҷомеаи фарогиртар ва одилона дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Дар маҷмуъ, конфронс имконият фароҳам овард, ки уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти фарогирии шахсони дорои маъюбият мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкориҳои стратегӣ таҳким ёбанд, самтҳои афзалиятнок муайян карда шаванд ва барои таъмини татбиқи самараноки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба манфиати шахсони дорои маъюбият дар саросари кишвар дастгирии техникӣ ҷалб гардад.


