Ҷаласаи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Маркази бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон

19-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳияи лоиҳаи Маркази бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гашт.

Дар ҷаласаи корӣ муовини соҳавии вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, сармутахассисон ва мутахассисони соҳаи педиатрия, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, мудирони кафедраҳо ва дигар масъулин ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои омодасозӣ ва таҳияи нақшаи сохтори Маркази бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон, аз ҷумла тибқи стандартҳои муосири тиббӣ омода кардани он ва дигар масъалаҳои алоқаманд мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин супориш дода шуд, ки пешниҳод ва хулосаҳои худро ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Маркази бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон, ки бунёди он дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, дар муҳлати муайянгашта ба вазорат манзур намоянд

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram