Ҷараёни рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақвият меёбад

Бо мақсади тақвият бахшидани равандҳои рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 “Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030” имрӯз, 13-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағгузории лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” семинари омўзишӣ доир ба модулҳои таҷдидшудаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва бақайдгирии электронии аризаҳои шаҳрвандон дар сатҳи ҷамоатҳо ва минтақаҳои истифодабарии манзил оғоз гардид.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша семинарҳои омузишӣ аз 13 то 18 апрели соли 2026 давра ба давра дар 5 гурӯҳ бо ҷалби 110 нафар мутахассисони сатҳи гуногуни соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла мутахассисони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои зерсохтори он дар ноҳияҳои таҷрибавии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рудакӣ, бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони минтақаҳои истифодабарии манзили ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав гузаронида мешаванд.

Модулҳои зикргардида дар заминаи “Пойгоҳи ягонаи рақамии низоми ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳадафи он рақамикунонӣ равандҳои дастгирии иҷтимоии қишри ниёзманд маҳсуб меёбад, азнавсозӣ гардида, барои самтҳои зерин истифада бурда мешавад: мутамарказкунии коркарди аризаҳои шаҳрвандон барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла дар сатҳи ҷамоатҳо ва маҳалҳо, гузаштан ба низоми рақамии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ барои муайнсозии маъюбияти шаҳрвандони имконоти саломатиашон маҳдуд, идоракунии феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва автоматикунонии пардохтҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ.

Бояд қайд намуд, ки айни замон модулҳои амалкунандаи иттилоотӣ оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, экспертизаи тиббию иҷтимоӣ барои муайян намудани маъюбият ва феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ таҷдид гардида, барои гузаронидани озмоиш (тестикунонӣ) дар 7 шаҳру ноҳия, аз ҷумла дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода ва Шаҳринав пешниҳод карда шудаанд.

Дар марҳилаи минбаъда,Пойгоҳи ягонаи рақамӣ барои густариш додани инфрасохтори рақамии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳияи модулҳои нави иттилоотӣ дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ заминаи устувор гузошта, бо системаҳои калидии дигар сохторҳои давлатӣ барои бо таври автоматӣ қабул намудани қарорҳои дахлдор ҳамгироӣ хоҳад кард.

Дар рафти семинари омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён доир ба раванди рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумоти муфид ва судманд пешниҳод карда шуд

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译