Имрӯз, 13-уми июли соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе омӯзиши панҷрӯзаи барномаи (ToT) оид ба низоми ҳамгироишудаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ (кейс-менеҷмент). Чорабинии мазкур барои ворид намудани шакли нави идоракунии парвандаҳо (кейс-менеҷмент) барои занон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои осебпазири камбизоати шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ки он дар моҳи сентбяри соли 2026 оғоз меёбад.
Ташкилкунандагони ин омӯзиш Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Фонди глобалии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мебошанд.
Дар чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, масъулини Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи Груҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, мутахассисон ва масъулини соҳа ширкат варзиданд.
Тавре гуфта шуд, низоми ҳамгироишудаи кейс-менеҷмент хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббиро дар шакли «равзанаи ягона» муттаҳид менамояд. Ин маънои онро дорад, ки оила дигар ба таври мустақилона бо мақомоти гуногун тамос намегирад то ин ки вазъияти худро пайваста шарҳ диҳад. Ба ҷои ин, шахси муттасадӣ вобаста ба пешбурди ҳолат арзёбии ҳамаҷонибаи ниёзҳои оиларо анҷом медиҳад, ба таҳияи нақшаи дастгирии инфиродӣ мусоидат мекунад, ҳамкории байни хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббиро ҳамоҳанг месозад ва оиларо то ба даст овардани натиҷаҳои устувор дастгирӣ мекунад. Акнун оилаи осебпазир, ба ғайр аз гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, зери дастгирии ҳамаҷониба қарор мегиранд. Мутахассис (кейс-менеҷер) тамоми ниёзҳои оиларо — аз кӯмакпулиҳо сар карда то хизматрасонии тиббӣ — муайян намуда, барои аз ҳолати душвори зиндагӣ баровардани онҳо нақшаи инфиродӣ тартиб медиҳад.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода зимни чорабинӣ иброз дошт, ки “Вазорат ба навсозии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамгироии хизматрасониҳои иҷтимоӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ як қадами хеле муҳим аст. Имрӯз мо заминаро барои гузариш ба сатҳи сифатан нави дастгирии мақсаднок мегузорем, ки дар он таваҷҷӯҳ ба худи шахс ва ниёзҳои ӯ равона карда шудааст. Тайёр намудани омӯзгорони миллӣ устуворӣ ва дар оянда васеъ намудани ин низоми навро дар саросари кишвар таъмин хоҳад кард”.
Намояндаи Груҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон қайд кард, ки “Тоҷикистон дар рушди низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ пешрафтҳои назаррасе ба даст овардааст ва Бонки Ҷаҳонӣ омода аст, ки дар ин самтҳо кумаки бештар расонад. Сармояи инсонӣ асоси рушд ва шукуфоии дарозмуддат аст ва оилаҳо манбаи аввалиндараҷаи он мебошанд. Вақте ки хидматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар хидматрасониҳо якҷоя кор мекунанд, онҳо метавонанд ниёзҳоро барвақттар муайян кунанд, кӯмаки саривақтӣ расонанд ва ба оилаҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои устувор кумак расонанд. Дар моҳи сентябри соли 2026, модели озмоишии расонидани хидматрасонии муттаҳид ва идоракунии парвандаҳо барои оилаҳои осебпазир бо протоколҳои муттаҳид, механизмҳои равшани ҳамкории байнисоҳавӣ ва системаи муосири иттилоотии мониторинг оғоз карда мешавад. Ин ташаббус як сармоягузорӣ дар ислоҳот, ҳамкории байниидоравӣ ва дар ҳаёти оилаҳое мебошад, ки бештар ба дастгирӣ ниёз доранд. Мо ифтихор дорем, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд дар пешбурди ин модели ба одамон нигаронидашуда, ки барои миқёспазирӣ омода аст, шарикии зич дорем”.
Тавре намояндаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) иброз дошт: “Ҷорӣ намудани низоми ҳамгироишудаи кейс-менеҷмент як қадами назаррас дар навсозии низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аст. Мо аз пардохти ғайрифаъоли имтиёзҳо ба дастгирии фаъол ва ҳамаҷониба барои ҳар як оилаи ниёзманд мегузарем. Омӯзонидани як дастаи қавии омӯзгорони миллӣ устувории пойдори ин низоми навро таъмин хоҳад кард”.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон қайд кард, ки ҳар як кӯдак ва ҳар як оилаи осебпазир ҳуқуқ доранд, ки аз дастгирии саривақтӣ ва касбӣ бархурдор бошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакон беш аз 40 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба дастгирии оила сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар аст. Номбурда гуфт: “Некӯаҳволии кӯдак мустақиман аз некӯаҳволии оила ва аз он вобаста аст, ки чӣ гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ бо ҳам самаранок кор мекунанд. Вақте ки мутахассисон якҷоя кор мекунанд, онҳо метавонанд омилҳои хатарро барвақт муайян кунанд, кӯмаки саривақтӣ расонанд ва оилаҳоро то ба даст овардани натиҷаҳои устувор дастгирӣ кунанд. Ин равиш на танҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад, балки инчунин ба пешгирии бадтар шудани онҳо мусоидат мекунад ва некӯаҳволӣ ва устувории оиларо тақвият медиҳад, зеро оилаи қавӣ асоси рушди солим, ҳифз ва некӯаҳволии ҳар як кӯдак аст. Сармоягузорӣ ба кӯдакон ва оилаҳо на танҳо масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, балки яке аз самараноктарин сармоягузорӣ ба сармояи инсонии кишвар аст. Шарикӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди глобалии маблағгузорӣ дар ин раванди муҳим барои ЮНИСЕФ боиси хушнудист”.
Дар давоми ҳафта (13–17-уми июл) иштирокчиёни омӯзиш стандартҳои байналмилалии кейс-менеҷмент (идораи парвандаҳо), усулҳои арзёбии оилаҳои камбизоат, ҳамкории байниидоравӣ ва меъёрҳои ахлоқии кориро меомӯзанд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба малакаҳои амалӣ дар ҳамоҳангсозии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, идоракунии ҳолатҳо ва дастгирии оилаҳои дорои ниёзҳои мураккаб равона карда мешавад.
Иштирокчиён аз коршиносон ва намояндагони муассисаҳои баъдидипломӣ дар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ки таҷриба ва тахассуси мувофиқи кор бо аҳолии осебпазирро доранд, иборатанд.
Пас аз анҷоми ҳамаи марҳилаҳо иштирокчиён-мураббиёни омӯзишдида барои мутахассисон дар ноҳияҳои тҷрибавӣ омӯзиш мегузаронанд ва устуворӣ ва миқёспазирии моделро дар сатҳи миллӣ таъмин мекунанд.


