Аз 7 то 11 сентябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия «Мактаби байналмилалии роҳбарон-танзимгарони масъули соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷ нафар — намояндагони воҳидҳои сохтории Вазорат иборат буд.
Дар ҳайати Вазорат Шарифзода Ф.Б. — сардори Шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм, Ҳамраева М. — мудири бахши котибот, Сафарова А. — сармутахассиси Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Идрисов З. — мутахассиси пешбари Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалӣ ва Олимов О. — сармутахассиси Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзи нахустини чорабинӣ иштирокчиёни Мактаби байналмилалиро муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия Салагай Олег Олегович қабул намуда, зимни мулоқот ба масъалаҳои мубрами рушди низоми тандурустӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва табодули таҷриба миёни кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Барномаи панҷрӯзаи чорабинӣ масъалаҳои муҳими идоракунии муосири соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, сиёсати кадрӣ, ҳифзи саломатии насли калонсол, геронтология ва гериатрия, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, телетиб ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадамро фаро гирифт.
Рӯзи аввали барнома ба рушди низомҳои миллии тандурустӣ дар шароити чолишҳои глобалӣ ва такмили кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бахшида шуда буд.
Дар доираи Мактаб барои иштирокчиён лексияҳои коршиносӣ, машғулиятҳои амалӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва муаррифии таҷрибаи кишварҳои иштирокчӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ташаккули модели самараноки сиёсати кадрӣ, таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустӣ, ташкили хизматрасонӣ ба шахсони калонсол ва ташаккули низоми мукаммали рақамии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти чорабинӣ лексияҳои коршиносӣ аз ҷониби роҳбарон, олимон ва мутахассисони варзидаи муассисаҳои бонуфузи соҳаи тандурустии Федератсияи Россия пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, дар барнома директори Донишкадаи марказии илмӣ-тадқиқотии ташкил ва иттилоотикунонии низоми тандурустии Вазорати тандурустии Россия О.С. Кобякова, муовини директор оид ба рушди ояндадори фаъолияти тиббии Маркази миллии таҳқиқотии тиббии терапевтӣ ва тибби профилактикӣ Р.Н. Шепель, директори Маркази миллии таҳқиқотии тиббии психиатрия ва наркология ба номи Сербский С.В. Шпорт, проректори Донишгоҳи миллии таҳқиқотии тиббии Россия ба номи Пирогов О.Ф. Природова ва директори Маркази илмию клиникии геронтологии Россия О.Н. Ткачёва иштирок ва баромад намуданд.
Қисмати муҳими барнома аз боздидҳои омӯзишӣ ба муассисаҳои тиббӣ, илмӣ ва таълимии шаҳри Москва иборат буд. Ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор дармонгоҳҳои шаҳри Москва, Маркази аккредитатсионӣ-симулятсионии Институти таҳсилоти электронии тиббии Донишгоҳи якуми давлатии тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов, марказҳои миллии таҳқиқотии тиббӣ ва таҷрибавии ташкили хизматрасонии тиббӣ дар онҳо аз наздик шинос гардид.
Ҳамчунин, иштирокчиён аз Маркази илмию клиникии геронтологии Россия боздид намуда, бо таҷрибаи муосири ташкили кумаки тиббӣ ба шахсони калонсол ва рушди самти гериатрия шинос шуданд. Дар идомаи барнома масъалаҳои рақамикунонии тандурустӣ бо иштироки намояндагони ширкатҳо ва сохторҳои соҳавӣ мавриди омӯзишу муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рӯзи ҷамъбастӣ ҳайатҳои кишварҳои иштирокчӣ аз Маркази ташхис ва телемедитсинаи Раёсати тандурустии шаҳри Москва боздид карда, бо имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, ташхиси фосилавӣ ва роҳҳои истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии хизматрасонии тиббӣ шинос гардиданд. Сипас, натиҷаҳои кори панҷрӯза ҷамъбаст гардида, иштирокчиён хулоса ва таҷрибаи андӯхтаи худро мавриди муҳокима қарор доданд.
Иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самтҳои идоракунии соҳа, сиёсати кадрӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, геронтология, рақамикунонии тандурустӣ ва телетиб, инчунин табодули таҷриба бо ҳамтоёни хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои тақвияти иқтидори касбии мутахассисон, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунӣ, густариши робитаҳои касбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ аҳаммияти муҳим доранд.


