Дар шаҳри Душанбе оид ба анатомияи патологӣ таҳти унвони “Таҳкими анатомияи патологӣ дар соҳаи онкология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир шуд

13-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба анатомияи патологӣ таҳти унвони “Таҳкими анатомияи патологӣ дар соҳаи онкология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” симпозиум доир гашт, ки дар он саратоншиносон аз дохил ва хориҷи мамлакат ширкат варзиданд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Акбар Муродзода чорабинро ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Саратони ғадуди ширӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва роҳҳои беҳтар намудани ташхиси барвақтӣ” баромад кард.

Иброз гашт, ки саратони ғадуди ширӣ яке аз бемориҳои маъмултарини соҳаи саратоншиносӣ дар байни занон ба ҳисоб рафта, ташхиси саривақтӣ ва оғози табобати мувофиқ дар беҳтар намудани натиҷаҳои табобат аҳамияти калон доранд. Бо вуҷуди пешрафти усулҳои ташхис ва табобат, ташхиси беморӣ дар марҳилаҳои дер яке аз мушкилоти муҳими соҳа боқӣ мемонад.

Таъкид гашт, ки барои беҳтар намудани вазъи ташхис ва табобати саратони ғадуди ширӣ андешидани чораҳои зерин зарур аст: мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ тавассути беҳтар кардани дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири маммографӣ ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо, баланд бардоштани зиракии онкологии кормандони тиб, махсусан табибони оилавӣ ва кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бо мақсади сари вақт муайян намудани нишонаҳои шубҳанок ва равона кардани беморон ба мутахассис, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нишонаҳои беморӣ, омилҳои хавф ва аҳамияти муроҷиати саривақтӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои ташхисӣ, махсусан барои сокинони минтақаҳои дурдаст, тақвият бахшидани ҳамкории муассисаҳои тиббӣ ва такмили низоми роҳхат, бақайдгирӣ ва назорати беморон, такмили таҳлили оморӣ бо мақсади арзёбии мунтазами марҳилаи беморӣ ҳангоми ташхис ва натиҷаҳои табобат ва чорабиниҳои ташхисӣ бояд бо назардошти синну сол, омилҳои хавф ва тавсияҳои клиникии амалкунанда ба роҳ монда шаванд.

Гуфта шуд, ки саратони ғадуди ширӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мавҷудияти ҳолатҳои ташхис дар марҳилаҳои III–IV зарурати тақвият бахшидани чораҳои ташхиси барвақтӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббиро нишон медиҳад.

“Ҳалли ин масъала ҳамкории аҳолӣ, табибони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, мутахассисони ташхисӣ ва саратоншиносонро талаб менамояд. Танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати тиббӣ, такмили малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис метавон барои сари вақт ошкор намудани беморӣ ва беҳтар кардани натиҷаҳои табобат заминаи мусоид фароҳам овард”,-иброз дошт номбурда.

Дар идомаи симпозиум мутахассисону коршиносони соҳа аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия дар мавзӯъҳои “Ташхиси патоморфологии омосҳо: имкониятҳои муосири озмоишгоҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”, “Ташхиси фарқкунандаи бемориҳои лимфопролиферативӣ дар беморони сирояти ВНМО”, “Аз гистология то зернавъҳои молекулярӣ: медуллобластома дар кӯдакон”, “Хусусиятҳои иммуноморфологии омосҳои табиати гистиоситарӣ”, “Алгоритми ташхиси лимфомаҳои В-ҳуҷайравӣ дар шароити панели маҳдуди антителоҳо”, “Хусусиятҳои ситоморфологии дисфунксияи ғадуди сипаршакл дар заминаи химиотерапияи саратони ғадуди шир”, “Нақши ташхиси озмоишгоҳӣ дар ошкорсозии барвақтии бемориҳои саратонӣ”, “Ташхиси патоморфологии саратони эндометрий”, “Гистология то зернавъҳои молекулярӣ: медуллобластома дар кӯдакон” ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ баромад карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки то санаи 15-уми октябри соли равон дар доираи симпозими мазкур баррасии масъалаҳои гуногуни соҳаи саратоншиносӣ бо иштироки мутахассисони дохиливу хориҷӣ ба таври пешниҳоди маърӯзаҳои пурмуҳтаво низ дар назар дошта шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram