Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд имрӯз, 02-юми ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо рафти иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, ки дар байни кӯдакони синнашон аз 6 моҳа то 5 сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд) идома дорад, дар шаҳри Хуҷанд шинос гашт.
Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар марказҳои саломатӣ ва боғчаҳои кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд аз рафти маъракаи мазкур бевосита дидан намуда, бо мутахассисони соҳаи тиб ва волидони кӯдакон доир ба зарурати баргузории ин чорабинӣ суҳбату вохуриҳо анҷом дод.
Ба иттилои масъулин, ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2026, №12-1583 «Оид ба ташкил ва гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар марказҳои саломатӣ ва боғчаҳои кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки сурхча яке аз бемориҳои шадиди сироятӣ буда, тавассути ҳаво зуд паҳн мешавад ва метавонад боиси оризаҳои вазнин, аз ҷумла илтиҳоби шуш, энсефалит ва дигар мушкилоти саломатӣ мегардад. Гулафшон низ бемории сироятӣ буда, махсусан барои занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро сироятёбӣ дар давраи ҳомиладорӣ метавонад ба ҷанин зарари вазнин расонад.
Дар ҳамин замина, иммунизатсия яке аз роҳҳои самараноки пешгирии сурхча ва гулафшон мебошад. Фарогирии саривақтии кӯдакон бо ваксина барои ҳифзи саломатии онҳо, пешгирии паҳншавии бемориҳо ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6 ноябри соли 2026 дар саросари кишвар идома меёбад.


