Мавриди истифода қарор додани ду Маркази саломатӣ дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Янгиқишлоқи деҳоти Ниҷонӣ ва деҳаи Нофароҷи деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан марказҳои саломатӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои хонаи саломатии деҳаи Янгиқишлоқ солҳои тӯлонӣ дар ҷои номутобиқ қарор дошт ва ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар кардани шароиту имконоти мусоид дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии аввалияи тиббӣ бинои нави хонаи саломатии деҳаи Янгиқишлоқ сохта ба истифода дода шуд.

Бинои мазкур аз долон ва 4 ҳуҷраи корӣ иборат буда, бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ сохта шудааст ва 4 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Маркази саломатии деҳаи Нофароҷ аз 13 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он 12 корманди тиб ба 11435 нафар хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Масоҳати бинои мазкур 600 метри мураббаъ буда, аз тарафи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи зиёда аз 1 млн 400 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Сокинони деҳаҳои мазкур дар навбати худ барои чунин туҳфаи арзанда ва дар ин замина фароҳам овардани шароиту имконоти мусоид дар самти дастрасӣ ба кумаки аввалияи тиббӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译