Ифтитоҳи бунгоҳи саломатии замонавӣ дар деҳаи Зароби ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич

2 ноябри соли 2026 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич дар деҳаи Зароби ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунгоҳи саломатии замонавӣ ифтитоҳ гардид.

Дар бунгоҳи саломатии деҳаи Зароб барои расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, он бо таҷҳизоти соҳаи тандурустӣ таъмин мебошад.

Сокинони деҳаи Зароб бунёди бунгоҳи саломатиро аз зумраи иқдомҳои Сарвари давлат дар самти татбиқи босамари сиёсати иҷтимоӣ ва тӯҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меноманд.

Бунгоҳи саломатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, соҳибкорони маҳаллӣ ва иштироки фаъоли сокинон бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ бо харҷи 387,1 ҳазор сомонӣ бунёд карда шуд.

Бинои мазкур иборат аз як ошёна буда дорои 7 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои занона, эмгузаронӣ, доругузаронӣ, тибби оилавӣ, сабтгоҳ ва ҳамшираҳо иборат буда, ки ҳамарӯза ба сокинон хизмат мерасонад.

Иншооти нав барои хизмати муосири тиббӣ ба 360 оила ва 1875 сокини деҳаи Зароб бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешбинӣ шудааст.

Дар баробари бинои нави замонавӣ ва шароитҳои корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳа мусоидат менамояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译