Ҳамкориҳо бо ТУТ дар самти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” баррасӣ гаштанд

17 июни соли равон дар маҷлисгоҳи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳои лоиҳа бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, муовини директори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Навруз Ҷаъфаров, ҳамоҳангсози лоиҳа Баҳодур Холназар, роҳбари дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, мутахассисони лоиҳа, инчунин намояндагони дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони ТУТ иштирок намуданд.

Тавре гуфта шуд, иҷроиши амалҳои қисмати 3-юми лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”, яъне вокуниш ба ҳолатҳои фавқуллода дар нимсолаи аввали соли равон яке аз самтҳои асосии матраҳшаванда ба шумор рафта, фаъолияти чанде аз онҳо тибқи Созишнома бо ТУТ амалӣ мегарданд.

Вобаста ба мавзӯи ҷаласа, махсусан доир ба ҳамкориҳои тарафайн байни лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ва ТУТ суҳбатҳои судманд анҷом дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда дар рафти ҷаласа ва тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва ҳалли мушкилот суханронӣ намуда, мутассадиёнро вазифадор намуд то дар иҷрои амалҳои дар пешистода кушиш ба харҷ диҳанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search