17-июни соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари амалии омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорат Қудратулло Қурбонзода, роҳбари лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримов ва коршиноси Бонки умумиҷаҳонӣ Елена Виноградова, кормандони масъули Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази таҳлили иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 20 нафар нозир-коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин сардорони марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Хуҷанд ва ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Абдулло Сафарзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки таъин намудани нозир коргузорон дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва гузаронидани семинари омӯзишии мазкур барои чунин мутахассисон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар он дарҷгардида, шаффофияти таъини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин ташкили кори иҷтимоӣ бо аҳолӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот як воҳиди кории нозир коргузори кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷудо шуда, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд.
Бо ин мақсад дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 170 нафар кормандон ба кор қабул карда шуданд, ки ҷиҳати омӯзонидан ва таҳким бахшидани малакаи касбии онҳо бо фармоиши дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ барои чунин нозир коргузорон тибқи нақшаи тасдиқшуда гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла моҳҳои июн ва июли соли 2025 чунин семинарҳои омӯзишӣ иборат аз 7 давр (омӯзишҳои дурӯза) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб гузаронида хоҳанд шуд.
Қудратулло Қурбонзода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорат доир ба мўҳтавои асосии сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тољҷикистон “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумњҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумњҳурии Тоҷикистон», мафҳуми кабизоатӣ ва кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, шаклҳои он, таърихчаи кутоҳи амалисозӣ ва васеънамоии механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ваколатҳои ҷонибҳои алоқаманд, бахуссус ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар раванди таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ маълумоти мухтасар доданд.
Ҷамшед Каримов, роҳбари лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”, ба иширокчиёни семинари омузишїӣ ҳадаф ва вазифаҳои асосии Лоиҳаро муаррифӣ намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки яке аз самти асосии фаъолияти он дастгирии оилаҳои камбизоати дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарордошта, ки дар шароити коҳиш ёфтани даромад ва бад шудани қобилияти харидориашон аз норасоии озуқаворӣ азият мекашанд, тавассути ба онҳо пардохт намудани кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадињӣ, табъу нашри ҳуҷҷатҳо барои таъин намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ, гузаронидани пурсишҳои дарки манфиатгирандагон барои муайян кардани натиҷаҳои амалисозӣ ва арзёбии самаранокии татбиқи барномаи кумакҳои унвонии иљтимоӣ, ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, ў қайд намуд, ки дар доираи амалисозии Лоиҳа такмили Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ тавассути гузаронидани он ба заминаи таҳдидшудаи муосири маҳсулнок, такмили модулҳои мавҷудаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ва низоми иттилоотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ маъюбон барои мутобиқ гардонии онҳо бо Феҳристи таҷдидшуда ва таҳияи модули нави иттилоотӣ ва махзани маълумот оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи семинари омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуд.