Эрон. Иштироки табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ

Бо мақсади гузаштани  даври омӯзишӣ ва баланд бардоштани савияи дониш дар заминаи Донишгоҳи улумпизишкии “Эрон”-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон  аз 6 то 17-уми октябри соли равон як гурӯҳ мутахассисони тоҷик иборат аз 24 нафар, аз қабили роҳбарони як қатор марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ва табибони акушер гинекологҳо ба донишгоҳи мазкур сафарбар карда шуданд.

Зимни ифтитоҳи расмии даври омӯзишӣ, ки дар донишгоҳи мазкур сурат гирифт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Ҳамзамон номбурда аз табибони тоҷик даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имконоти фароҳамгардида дар даври омӯзишӣ фаъолона иштирок намуда, сатҳи дониши ихтисосии худро боз ҳам баланд бардоранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи иштироки табибони кишвар дар ин даври омӯзишӣ табодули таҷриба байни роҳбарони системаҳои тандурустии Эрон ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ба шумор меравад.

 Дар ин замина, яке аз ҳадафҳои асосии барномаи даври омӯзишӣ мубодилаи таҷрибаи Эрон дар таҳия ва татбиқи системаи самараноки КАТС мебошад. Иштирокчиёни даври омӯзишӣ бо ҷузъҳои калидӣ, ки ба муваффақияти модели эронии КАТС мусоидат кардаанд, махсусан дар деҳот ва минтақаҳои камбизоат шинос мешаванд. Ин мубодила ба рушди иқтидори роҳбарони соҳаи тандурустӣ ва табибони Тоҷикистон тавассути пешниҳоди равишҳои амалӣ, ки метавонанд ба системаи тандурустии кишвар мутобиқ карда шаванд, равона карда шудааст.

Ҳамзамон, иштирокчиёни даври омӯзишӣ бо сохторҳои идоракунӣ, қоидаҳо ва нақши давлат дар таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ шинос мешаванд. Ин ба  табибони тоҷик имконият медиҳад, ки таҷрибаҳои идоракунии худро баррасӣ намуда, самтҳои беҳбуди сиёсати тандурустии Тоҷикистонро муайян намоянд.

Барномаи даври омӯзишӣ ҳамзамон иштирокчиёнро бо таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ дар самти КАТС шинос мекунад. Бо ташриф овардан ба муассисаҳои тиббӣ ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ, иштирокчиён метавонанд ба татбиқи моделҳои муассири кумаки аввалия назари васеътар пайдо кунанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search