Хатлон: Вобаста ба ворид намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт барои мутахассисони соҳа даври омӯзишӣ гузаронида шуд

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан ба системаи рақамикунонӣ аз ҷониби Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ рӯйи кор гирифта шуда истодаанд.

Имрӯз, 25-уми феврали соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон вобаста ба ворид намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои минтақаи Бохтар барои мудирони шуъба ва акушер-гинекологҳо даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки то имрӯз бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳо аз ҷониби Маркази омор ва иттилооти тибби вазорат мутахассисони як қатор таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ба даври омӯзишӣ фаро гирифта шуданд ва аллакай ин иқдом дар 4 таваллудхонаи пилотии шаҳри Душанбе дар амал ҷорӣ гашта истодааст.

Дар ҳамин замина, зикр намудан ҷоиз аст, ки яке аз афзалиятҳои асосии ин система дақиқӣ ва фаврияти маълумот ба шумор меравад. Яъне система сабти саривақтӣ ва дақиқи рӯйдодҳоро таъмин намуда, ба тағйироти вазъияти демографӣ сари вақт посух медиҳад.

Афзалияти дигари системаи мазкур дар беҳтар намудани банақшагирӣ ва пешгӯӣ арзёбӣ мегардад. Бо ин роҳ маълумоти воқеии таваллуд ва фавт имконият медиҳад, ки захираҳо беҳтар банақшагирӣ шаванд ва эҳтиёҷот ба хизматрасониҳои тиббӣ пешгуӣ гардад.

Ҳамин тавр, зимни баргузории даври омӯзишӣ директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳр Шамсуллозода ва мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ Манучеҳри Асомиддин ба иштирокчиён оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод карданд.

Дар назар аст, ки пас аз ҷорӣ гардидани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои мамлакат ҳамзамон дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ марҳила ба марҳила ба системаи ягонаи электронии ҷамъоварии маълумот низ ворид карда шаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search