Рӯзҳои 6 ва 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 37-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гашт, ки дар кори он аъзои Шӯро ва намояндагони ваколатдор аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ, Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи директорони марказҳо ва институтҳои саратоншиносӣ ва рентгенорадиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё ва доираи васеи роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.
Дар 37-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи мазкур суханронӣ намуда, оид ба вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар, аз ҷумла дастовардҳо дар самти пешгирии бемориҳои гуногун маълумот пешниҳод кард.
Дар идомаи ҷаласаи мазкур натиҷаи раёсати Вазорати тандурустии Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкорӣ оид ба тандурустии ИДМ дар соли 2024, ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, баланд бардоштани савияи касбии кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ, натиҷаҳои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди бемории саратон барои солҳои 2020-2024 ва роҳҳои асосии тартиб додани лоиҳаи нақшаи давраи оянда, комёбиҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар муқобили бемории сил, ташкили рушди системаи таълими беморони диабети қанд ва технологияҳои иттилоотӣ оид ба диабетологияи давлатҳои аъзои ИДМ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамин тавр, тибқи қарори Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) соли 2025 38-умин ҷаласаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Дар анҷоми кори ҷаласа оид ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, дурнамои рушди ҳамкориҳои Шӯро муайян карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор вазирони тандурустии кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла вазирони тандурустии кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон вохурӣ анҷом дода, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти ба роҳ мондани табодули таҷриба ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаро баррасӣ кард.
Инчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор беморхонаҳои онкологии шаҳри Санкт-Петербург низ дидан ба амал оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд. Аснои боздид ҳамкории муассисаҳои соҳавии ду кишвар дар самти ташхису табобати бемориҳои онкологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.