“Омодагӣ ва вокуниш ба бемории сироятии гулузиндонак (дифтерия)”

Рӯзи 06-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муҳими аҳамияти ҷумҳуридошта-машқи омӯзишӣ дар мавзӯи бемории сироятии Гулузиндонак (дифтерия) бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва фонди трасти, Барномаи омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда HEPR, дар доираи иҷрои нақшаи кории лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” тавассути Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлатзода, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” аз ҷониби бонки мазкур Латипова Мутриба, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Илекр Даштан, масъулини соҳа аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон (минтақаҳои Бохтару Кӯлоб) иштирок намуданд.

Чорабиниро сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлатзода, ифтитоҳ намуда, аҳамияти таҳкими омодагӣ ва ҳамоҳангсозии сохторҳои марбута дар ҳолатҳои хуруҷи бемориҳои сироятиро таъкид кард.

Зикр гардид, ки ҳадафи асосии семинари мазкур санҷиш ва тақвияти иқтидори кишвар дар самти омодагӣ ва вокуниш ба паҳншавии дифтерия буда, он тавассути беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ, гузоришдиҳӣ тибқи Қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ (2005), идоракунии самараноки намунаҳои биологӣ ва татбиқи чораҳои пешгирӣ ва назорати сироят амалӣ мегардад.

Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои муҳими арзёбии саривақтии ҳолатҳо, механизми огоҳкунӣ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, тартиби дурусти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва интиқоли намунаҳои биологӣ, инчунин тадбирҳои ҷудокунии беморон ва ҳифзи кормандони соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ба масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти назоратӣ, лабораторӣ ва клиникӣ, мубодилаи иттилоот ва муайян намудани монеаҳои мавҷуда диққати махсус дода шуд. Дар натиҷа, пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ барои такмили низоми миллии омодагӣ ва вокуниш ба дифтерия таҳия гардиданд.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур пагоҳ низ идома меёбад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载