Мулоқот бо роҳбари ТИКА дар Тоҷикистон

Имрӯз, 27-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТИКА) ҷаноби Иброҳим Этҳем Унал доир гашт.

Дар мулоқот муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкориҳои судманди вазорат бо намояндагии Агентии Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) дар Тоҷикистон изҳори қаноматмандӣ карда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба он ҷониб изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Туркия дар самти рушди низоми тандурустӣ, бахусус ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва идоракунии муосир таҷрибаи ғанӣ дорад. Ҳамзамон, имкониятҳои ин кишвар дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмин намудани дастрасии иттилоотӣ ба аҳолӣ хеле пешрафта буда, намунаи ибрат мебошанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, омӯзонидани мутахассисони тоҷик дар кишвари Туркия ва бо ин васила ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар тибби мамлакат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search