Натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2025

Имрӯз, 13-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2025 ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарияти як қатор вазорату кумитаҳо ва масъулини лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбаро Мансурӣ зимни  ифтитоҳи ҷаласаи корӣ доир ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, қайд намуд, ки лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” низ баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мавриди амал қарор дода шудааст.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2025 маълумот пешниҳод кард.

Тавре зикр гардид, маќсад ва ҳадафҳои лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ба ду самти муњим-баланд бардоштани сатҳи сифат ва самаранокии хизматрасонии кумаки аввалияи тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ оид ба омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ  равона шудааст.

Вобаста ба ҳадафи аввал лоиҳа кӯшиш дорад бо беҳтарсозии инфрасохтор, таъмини таҷҳизоти замонавӣ ва бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ, сифати хизматрасонии тиббиро ба талаботи байналмилалӣ баробар созад. Инчунин,  ҳадафи дуюми лоиҳаи мазкур тақвият додани омодагии муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар мавриди пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад, ки ин равиш имкон медиҳад, то дар ҳолатҳои зарурӣ саривақт ва босамар чораандешӣ  карда шавад.

Дар идомаи баромади хеш муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба самтҳои фаъолияти лоиҳаи мазкур дар нимсолаи якуми соли 2025 ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ дигар масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуда, баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта  ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани иҷрои он аз ҷониби муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search