Шиносоӣ бо вазъи саломатии осебдидагони офати табиӣ

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии шаҳрвандони аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод айни ҳол муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва сардори шуъбаи Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии вазорат Шамсулло Абдулҳақов дар минтақаи Рашт қарор доранд.

Аснои боздид аз ноҳияҳои мазкур Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти табобати як қатор беморон шинос гардида, инчунин баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, дар маконҳои офати табиӣ намояндагони вазорат бо шаҳрвандон низ суҳбати озод анҷом дода, ба онҳо дар самти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ маслиҳат ва тавсияҳо пешниҳод карданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search