Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатии деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корезро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази навбунёд аз ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 1780 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд аз ҷониби соҳибкорони  маҳаллӣ бунёд ёфтааст.

Дар марказ 7 ҳуҷраи табобатӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи таваллуд ва 7 кати хоб мавҷуд буда, барои хизматрасонӣ ба беш аз 7 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмонӣ аз аввали соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар ҷараёни он зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Марказ аз 5 шуъба иборат буда, барои хизматрасонӣ табибони баландихтисос ва ҳамшираҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.

Сарвари давлат аз шароити фароҳамшудаи марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир ба сокинон хизмати босифат расонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд | АМИТ “Ховар”

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram