Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ. Он ба кӣ ва барои чӣ дода мешавад?

Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ. Он ба кӣ ва барои чӣ дода мешавад?
Август 29
09:08 2019

Баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад тадбиру барномаҳои гуногун андешида ва роҳандозӣ шуданд. Ҷорӣ гардидани низоми кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ба ин мисол шуда метавонад. Роҷеъ ба ин масъала хабарнигори  рӯзномаи “Садои мардум”  М. Усмон бо ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ»- и назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Каримов мусоҳиб шуд.

– Нахуст мехостем, ки дар бораи моҳияти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ маълумот диҳед. Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, яъне чӣ?

– Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ шакли нави расонидани кумакпулии иҷтимоии давлатӣ мебошад. Он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне дода мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд. Кӯмак дар шакли пул расонида мешавад.

Низоми кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ айни замон дар 40 шаҳру ноҳияи мамлакат ҳамчун механизми таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки низоми таҷрибавии таъин ва пардохти он бар ивази ду механизми қаблӣ – кӯмакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи неруи барқ ё гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шудааст. Ҳукумати мамлакат аз соли 2011 тасмим гирифт, ки зина ба зина ба ҷои ду механизми зикршуда низоми нави расонидани кӯмаки унвонии иҷтимоиро ба оилаҳои камбизоат ҷорӣ намояд.

– Чаро ин навъи кӯмакро «унвонӣ» мегӯянд?

– Унвонӣ, яъне ки суроғавӣ. Гап дар сари он меравад, ки вақте соли 2011 ин механизм шурӯъ шуд, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат хеле баланд, қариб 80 фоиз арзёбӣ мегардид. Ҳоло сатҳи камбизоатӣ, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, 29,5 фоизро ташкил медиҳад.

Барои он суроғавӣ мегӯем, ки маблағҳои дар буҷети мамлакат бо ин мақсад пешбинишуда, барои мардуме, ки дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, намерасад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ин маблағҳоро ба таври суроғавӣ танҳо ба оилаҳое равона кунад, ки бештар ниёз доранд. Калимаи «унвонӣ» ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Оилаҳое, ки ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ниёз доранд, дар асоси методикаи махсуси муайянсозии оилаҳои камбизоат интихоб мешаванд.

– Методикаи номбаршуда дар асоси кадом талабот амал мекунад?

– Сатҳи камбизоатии ин ё он оила дар заминаи индикаторҳои молумулкӣ ё демографии оилаҳо муайян карда мешаванд. Айни замон 45 индикаторе ҳаст, ки тибқи он муайянсозӣ сурат мегирад. Масалан, мутобиқи индикатори демографӣ ҳайати оила, теъдоди маъюбон дар оила, шумораи онҳое, ки ба пиронсолӣ расидаву кор намекунанд ва ё занҳое, ки сарварии оиларо бар дӯш доранд ва ғайра ба назар гирифта мешавад. Дигар, индикатори молумулкӣ аст. Яъне, манзили иқоматии оила аз чӣ иборат аст ва аъзои он дар кадом ҳолат зиндагӣ доранд? Умуман, маҷмӯи индикаторҳое ҳастанд, ки агар баъзе аз онҳо сатҳи дороии оиларо муайян кунанд, қисми дигарашон дараҷаи нодории оиларо нишон медиҳанд. Ба қатори индикаторҳое, ки ҳолати душвори зиндагии оиларо нишон медиҳад, ин мавҷудияти кӯдакони маъюб дар оила, маъюбони гурӯҳи якум, дуюм ва сеюм мебошад. Ё ки худи сардори оила ба ягон шуғл фаро гирифта нашудааст, бекор аст. Ҳамаи ин дар пурсишномаи махсусе дарҷ ёфтааст ва шаҳрванд – сарвари оила ба онҳо ҷавоб мегардонад, ки ҳар як саволнома вазни қиёсӣ дорад. Агар баъзе пурсишҳо сатҳи хуб доштани оиларо нишон диҳад, баъзеи дигар нишон медиҳад, ки сатҳи зиндагии оила душвор аст. Сипас, ҳамаи пурсишҳо дар барномаи махсуси алгоритмии компютерӣ ҳисобу китоб мешавад ва вазъи зиндагии оила муайян ва дар асоси он кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт мегардад.

– Тартиби муроҷиат барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ чӣ гуна аст?

– Барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрванд ё сардори оила ба унвони бахши ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ариза навишта, онро бо ду ҳуҷҷат – маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи молу амволи аъзои оила ба кумитаи маҳал, ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи моликони манзили ҷои иқомат месупорад.

Бояд варақаи ҳуҷҷатҳои зикршуда аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ё идораҳои манзилию коммуналӣ ва ё кумитаҳои маҳал ройгон дода шаванд. Саҳеҳияти маълумоти аз тарафи шаҳрвандон пешниҳодшуда бо имзои котиби ҷамоат ё сардори идораи манзилию коммуналӣ ва ё раисони кумитаҳои маҳал тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳият  ба дурустии онҳо масъул мебошанд.

Шаҳрвандон, вақте ки ҳуҷҷатҳоро пур мекунанд, бояд, ки ба корманди масъули ҷамоати шаҳраку деҳот ё ин ки идораи моликони манзил супоранд. Онҳо дар муддати 10 рӯз бояд дурустии аризаро санҷида бароянд. Баъд аз он ба китоби махсус ба қайд гирифта, дар давоми 10 рӯз ба бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр ва ноҳия мерасонанд.

Айни замон дар 40 шаҳру ноҳия 71 корманд оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, ду маркази минтақавии ҳамоҳангсозии барнома, ки дар онҳо 14 нафар фаъолият мекунанд, ба ин кор машғуланд.

– Оё аз тарафи муроҷиаткунандагон маълумоти нодуруст пешниҳод мешавад?

– Бале. Дар бисёр ҳолат шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, ки ҳама чизро нишон надиҳанд. Метарсанд, ки агар говашонро, трактори вайронаи аз замони шӯравӣ дар кунҷи ҳавлиашон хобидаро ва ё мошини сабукравро, ки ҳоло қариб дар ҳама хонавода ҳаст, ҳангоми пур кардани варақаи маълумотнома зикр кунанд, ба онҳо кумак таъин намешавад. Дар натиҷаи санҷиш онҳо ошкор мешаванд ва чунин оилаҳо аз гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ маҳрум мегарданд. Ҳол он ки доштани мошин ё ҳайвоноти хонагӣ ҳанӯз асос шуда наметавонад, ки ба оила кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъйин карда нашавад.

– Аҳолӣ аз мавҷудияти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ чӣ хел огоҳ мешавад?

– Якчанд усули огоҳонидани аҳолӣ аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мавҷуд мебошад. Кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар расонаҳои чопӣ, радио ва телевизион баромад мекунанд. Пайваста суҳбати гирди миз доир карда мешавад, ки мардум дар бораи механизми расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ бохабар шаванд.

Илова бар ин, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳар сол дастурамалҳо, овезаҳои махсус ва маълумотномаҳо табъу нашр ва ба ноҳияҳо равон карда мешаванд.

Дар ҳар шаҳру ноҳия бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаст. Ҳастанд дигар сохторҳои маҳаллӣ, ки ба ин сарукор доранду маълумотро мардум аз онҳо дастрас мекунанд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳастанд оилаҳои дар ҳақиқат камбизоат, ки аз кумакҳо огоҳӣ надоранд. Ин шаҳодати он аст, ки на дар ҳама шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳал огоҳсозӣ ба таври шоиста ба роҳ монда шудааст.

– Ҳаҷми умумии кӯмаки иҷтимоӣ ва давомнокии дастрас кардани он ба аҳолӣ чӣ гуна аст?

– Кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат барои як сол таъин карда мешавад. Ҳаҷми он барои як сол 400 сомонӣ муқаррар шудааст ва ҳар семоҳа ба маблағи 100 сомонӣ ба шаҳрванд ва оилаҳои камбизоат пардохт карда мешавад.

Дар сурати ба охир расидани муҳлати таъинот оилае, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дорад, яъне вазъи он беҳтар нагардидааст, метавонад боз ба ҷамоати шаҳраку деҳот барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ муроҷиат кунад.

– Ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ имтиёзҳои дигар ҳам медарояд, ба монанди пардохти панҷоҳдарсади хизматҳои коммуналӣ ё имтиёз дар таълими фарзандон?

– Не, ин танҳо кӯмаки пулӣ аст. Лекин дар баробари дастрас кардани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ҷиҳати бархурдор шудан аз имтиёзҳои дигари пешбинишуда барои гирифтани маълумотнома дар бораи сатҳи камбизоатӣ муроҷиат мекунанд.

Онҳо ба мӯҳлати 12 моҳ бо пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи сатҳи камбизоатӣ метавонанд дигар имтиёзҳоро, масалан дар самти тиббӣ низ истифода баранд. Ин маълумотнома дар бораи мақоми камбизоатӣ аз тарафи бахшҳо ва шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрвандон дода мешавад.

– Маблағи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ аз кадом ҳисоб аст?

– Маблағҳое, ки барои кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷудо мешаванд, аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошанд ва ҳар сол Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ талаботро таҳия ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамояд.

Аммо як нуктаро ёдрас шавем, ки низоми кӯмаки унвонии иҷтимоӣ паҳлуҳои техникии зиёд дорад. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат соли 2011 бо пешниҳоди Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» аз Бонки ҷаҳонӣ 5 миллион доллар грант гирифта буд. Ин маблағ барои таҷҳизот — харидории серверҳои муосири рақамӣ ва барномаҳои компютерӣ, мебелу ҷиҳози даркорӣ барои нуқтаҳое, ки дар минтақаҳо фаъолият мекунанд, равона гардид. Инчунин, хароҷот барои омӯзонидани кормандон, чопи дастурамалҳо, ахборномаву маълумотномаҳо низ аз ҳамин ҳисоб аст.

– Оё эҳтимоли он ҳаст, ки маб­лағи кӯмаки иҷтимоӣ ба шаҳрвандон аз 400 сомонӣ зиёдтар гардад?

– Ҳоло лоиҳаи қарор дар бораи ҷорӣ кардани механизми нави таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар 28 шаҳру ноҳияи боқимонда дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Агар чунин қарор қабул шавад, андозаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми баробар ба 8 нишондиҳандаи ҳисобҳо муқаррар карда мешавад. Ин баробар ба 440 сомонӣ аст.

– Сол ба сол теъдоди гирандагон кам мешавад ё бештар?

– Агар аз рӯи фарогирии теъдоди хонаводаҳо гирем, сол ба сол хонаводаҳо зиёд шуда истодаанд. Масалан, соли аввал агар 8 ҳазор оилаи камбизоат гирандаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ буданд, ҳоло ба 94 ҳазор оила ин намуди кумак расонида мешавад. Агар 28 шаҳру ноҳияи боқимондаи ҷумҳурӣ ба барнома ворид шаванд, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ соли 2020 теъдоди хонаводаҳои гирандаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба 200 ҳазор мерасад. Агар шумораи миёнаи аъзои як хонавода дар мамлакат 6,3 нафар бошад, пас беш аз 1,2 миллион нафар бавосита ё бевосита аз кумаки унвонии иҷтимоӣ ва ё ин ки аз ин механизми кӯмакпулии давлатӣ бархӯрдор мешавад.

Инчунин, агар ду сол пеш аз буҷети ҷумҳурӣ барои кӯмаки унвонии иҷтимоӣ 15 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида бошад, барои соли 2019 ин маблағ 86 миллион сомониро ташкил дод. Ин маънои онро дорад, ки маблағгузорӣ аз буҷети мамлакат сол ба сол бештар шуда истодааст.

– Дар самти дастрас шудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат кадом мушкилиҳо вуҷуд доранд?

– Кор бе мушкилӣ намешавад. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар масъалаи пардохт кардани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ мушкил пеш меояд. Бинобар сабаби дар деҳаҳои дурдаст истиқомат доштани гирандагони кумакпулӣ ва дурии масофа то маркази хизматрасонии «Амонатбонк» кӯмакпулӣ сари вақт пардохт намегардад.

Мушкилии дигар он аст, ки бо вуҷуди роҳандозии корҳои иттилоото­нӣ на ҳама шаҳрвандони ниёзманд барои гирфтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд.

Илова бар ин, сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот воҳидҳои кории корманди иҷтимоӣ пешбинӣ нашудаанд ва ин вазифа бар дӯши кормандони ҷамоат ва онҳое вогузор шудааст, ки дар соҳаи иҷтимоиёт фаъолият мекунанд ва масъулияти дигар доранд. Мутаассифона, ин боис мешавад, ки санҷиши дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти шаҳрвандон дар сатҳи маҳал гузаронида намешавад.

Ин механизми таҷрибавӣ аст ва бе камбудӣ намешавад. Аммо барои бартараф намудани нуқсонҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои заруриро андешида истодаанд ва умед дорем низоми расонидани кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони мамлакат мукаммал гардонида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 646
  • 1,242
  • 949,666