Исфара: бунёд ва таъмиру азнавсозии 62 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ (АКС)

Исфара: бунёд ва таъмиру азнавсозии 62 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  (АКС)
Декабр 09
11:09 2019

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 ба масъалаи солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ҷиҳати тавсеа ва таҳкими инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифагузориҳои мушаххас сурат гирифта буданд.

Дар ин самт, дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо ибтикори сартабиби беморхонаи мазкур Таибидин Муҳамедов ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи меҳнатӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-2019-2021” ва маъракаи вилоятии “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” дар ҷабҳаи васеъ корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муҷаҳҳаз гардонидани шӯъбаҳо ба дастгоҳу таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ, таъмиру тармим ва азнавсозии иншоотҳо бо суръат идома дорад.

Дар ин радиф, чанде  қабл дар партави  дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба шӯъбаи тозабунёди ҷарроҳии Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба маблағи умумии 81 ҳазору 838 сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ – дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, монитори назди кати бемор, таҳлилгари биокимиёвӣ ва ташхиси ултрасадо тақдим карда шуд, ки раванди ташхису табобати беморонро минбаъд дар ин ҷо ба маротиб саҳлу осон мегардонад.

Бино ба гуфтаи сартабиби беморхонаи мазкур Таибидин  Муҳамедов, ин тасмим пас аз боздиди бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода аз беморхонаи мазкур (29-уми марти соли 2019) ва аснои шиносоӣ бо вазъи фаъолияти он ва бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҷойдошта гирифта шудааст.

Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл дар Беморхонаи марказии шаҳр  боз як иншооти ҳаётан муҳими ба тозагӣ азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳазгардида – бинои шӯъбаи эҳёи калонсолон расман мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин иқдоми ободкорона бо истифода аз маблағҳои махсус ва дастгирию саҳмгузории соҳибкорони саховатпешаи шаҳр бо харҷи 901 ҳазор сомонӣ рӯйи кор омадааст.

Ҳаҷми умумии корҳои таъмиру азнавсозии бинои шӯъба 225 ҳазор сомонӣ буда, зимнан ба маблағи умумии 676 ҳазору 940 сомонӣ таҷҳизот, аз ҷумла 4 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии тамғаи ИВЛ ба маблағи 600 ҳазору 400 сомонӣ, 3 адад кардиомонитор ба маблағи 39 ҳазор сомонӣ, 8 адад кати функсионалӣ ба маблағи 30 ҳазору 400 сомонӣ, таҷҳизоти гармидиҳанда (кондиционер) ба маблағи 9700 сомонӣ, инчунин, мизу курсиҳои корӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ ва дастрас карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки соҳибкорон дар амалигардонии ин иқдоми ободкорона 205 ҳазору 824 сомонӣ саҳмгузорӣ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки давоми 11 моҳи  соли равон  15 шӯъбаи Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, аз ҷумла шӯъбаҳои осебшиносӣ, бемориҳои асаб, ҷарроҳӣ, амрози дохила, таваллудхона, эҳёи хурдсолон, инчунин, бинои маъмурият ва маҷлисгоҳ босифат таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.

Бино бар гуфти сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибидин Муҳамедов, дар доираи “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ, бо истифода аз маблағҳои ҳисоби махсуси муассисаҳои тандурустӣ ва саҳмгузории соҳибкорону саховатпешагон сохтмон, таъмир ва азнавсозии 62 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, то ин давра 25 иншооти соҳа таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.

Айни замон дар шаҳри Исфара сохтмони 6 иншооти нави соҳаи тандурустӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ, Навгилем ва Сурх аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дар Маркази саломатии шаҳр сохтмони Маркази ташхисию табобатӣ бо арзиши лоиҳавии 1 млн 715 ҳазор сомонӣ идома дорад.

Дар маҷмӯъ, давоми 11 моҳи соли равон дар муассисаҳои госпиталии шаҳр ба маблағи 4 миллиону 432 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 миллиону 757 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ, ободонӣ ва муҷаҳҳазнамоии иншоотҳои ташхисию табобатӣ сурат гирифтааст.

Ҳаҷми умумии корҳои таъмиру азнавсозӣ ва ободонӣ дар ин давра 3 миллиону 110 ҳазор сомонӣ ва маблағи барои харидории таҷҳизот сарфшуда 1 миллиону 143 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдомот ва таҷрибаи самаровари роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар самти ҳамкорӣ ва ҷалби имконияти молиявӣ ва саҳмгузории соҳибкорони муваффақу саховатпешаи диёр натиҷаи дилхоҳ дода, дар ин муддат соҳибкорони Исфара ба маблағи умумии 1 миллиону 950 ҳазор сомонӣ барои пешбурди корҳои ободонӣ ва мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои госпиталии шаҳру деҳот саҳм гузоштаанд.

Аз ҷумла, бо саҳмгузории бародарон – соҳибкорони муваффақ Ҷалолов Баҳромҷон ва Бурҳонидинов Исомиддин бинои шӯъбаи бачагонаи Беморхонаи минтақавии деҳоти Чоркӯҳ бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ куллан таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз карда шуд.

-Дар партави дастуру ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю ниятҳои ободкоронаи мо хеле зиёданд. Дар ин маврид мо мусоидат ва дастгириҳои арзишманди роҳбарияти шаҳрро дар симои раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин амалан  ва ба хубӣ эҳсос менамоем, – гуфт сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибидин  Муҳамедов ва ҳамзамон афзуд:

– Ҳадафи мо аз пешбурди силсилаиқдомоти бунёдгарона ва пайваста мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллию давлатиамон – 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ин замина фароҳам сохтани шароити мусоид барои кормандон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи сиҳатии аҳолӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 727
  • 1,242
  • 949,747