Брифинги хабарӣ оид ба коронавирус

Брифинги хабарӣ оид ба коронавирус
Март 05
12:05 2020

Имрӯз, 5 марти соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи сирояти коронавирус дар мамлакат брифинги хабарӣ баргузор гардид, ки дар муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, роҳбарон ва кормандони сохторҳои марбутаи  вазорат ва доираи васеи намояндагони ВАО-и давлативу хориҷӣ иштирок намуданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи брифинги хабарӣ иброз намуд, ки  новобаста аз чорабиниҳои андешидашуда сирояти коронавирус то санаи 4 марти соли ҷорӣ  ба 77 кишвари ҷаҳон интиқол ёфтааст, ки дар натиҷа зиёда аз 95 ҳазор аз он сироят ёфта, наздики 3500 нафар бар асари гирифторшавӣ ба он фавтидаанд. Ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ва бо мақсади андешидани чораҳои зиддиэпимикӣ аз ҷониби тамоми кишварҳои ҷаҳон баҳри саривақт дарёфт, бистарӣ ва муолиҷа намудани гирифторони сирояти мазкур  чораҳои фаврӣ ба роҳ монда шуда истодаанд.

-То имрӯз, 5 марти соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Мутаассифона, вақтҳои охир аз ҷониби як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳидаи манфиатдор нисбати вазъи сирояти коронавирус, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ҳар гуна сару садоҳои аз ҳақиқат дур паҳн шуда истодаанд. Боиси таассуф аст, ки аллакай мардум ин овозаҳои бардурӯғро асос намуда, ба таҳлука афтодаанд. Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, дирӯз аксари мардуми мамлакат бо боварии он, ки гӯё дар пайи интиқоли ин сироят  ба кишвар фаъолияти бозорҳои мамлакат қатъ мегардида бошанд, барои хариди маҳсулоти ниёз ба бозор баромадаанд. Ба ин хотир, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур донист, ки нишасти ғайринавбатии худро бо намояндагони ВАО баргузор намояд, то оид ба вазъи воқеӣ ва ҳолати омодабошии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус ба шумо маълумот пешниҳод намояд,-афзуд Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки айни ҳол бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин  Исматуллозода ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд. Ҳамзамон, тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди ҳама вазорату идораҳои  давлатӣ ситодҳои дохилӣ амал карда истодаанд. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ситод аз санаи  23 январи соли ҷорӣ фаъолият намуда истодааст.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамаи чорабиниҳо оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба роҳ монда шудаанд.

Қайд гардид, ки мутаассифона, пас аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  паҳншавии вируси мазкур дар кишварҳои Ҷумҳурии исломии Эрон,  Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон,  Италия ва Афғонистгон ноустувор боқӣ мемонад. Бинобар ин, айни замон шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои номбурда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки то 4 марти соли равон 1500 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Ҷопон, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта шуда, то санаи 4 марти соли равон танҳо 320 нафари онҳо дар ҳолати карантинӣ қарор дошта,  боқимонда ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед оид ба тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки айни замон масъалаи рақами 1-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат мебошад, ки дар ин самт айни замон чораҳои мушаххас амалӣ карда шуда истодаанд.

Дар идомаи брифинги хабарӣ намояндагони ВАО оид паҳлуҳои гуногуни масъалаи мавриди назар саволҳо дода, аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷумла, хабарнигори хабаргузории “Авесто” Абдураҳмон Раҳмонов дар робита ба сару садоҳо дар мавриди он, ки гӯё бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар кишвар фаъолияти  муассисаҳои таълимӣ муваққатан қатъ карда шудаанд, савол дод.

Ба саволи мазкур Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин посух гардонид:

-Ин хабару овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ умуман баста намешаванд, зеро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат тибқи супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам муоинаи тиббии хонандагон ва донишҷӯён ба роҳ монда мешавад. Аммо, агар нафаре бо ҳарорати баланд ва ё бо шикояти бемории шадиди роҳи нафас гирифтор шавад, бояд ба дарс наомада, ба духтури ҷои маҳалли хеш муроҷиат намояд.  Инчунин, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногун чорабиниҳои зиддиэпимикӣ, аз қабили гузаронидани корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуда истодаанд, ки заруряти қатъ намудани фаъолияти  муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надорад.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии чораҳои зиддиэпимикӣ  ин пеш аз ҳама омода будан барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар мебошад.

Бинобар ин,  чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур на бояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Дар анҷоми брифинги хабарӣ аз намояндагони ВАО даъват ба амал  оварда шуд, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти дурустро бирасонанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978