Фаъолияти пурсамари Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Фаъолияти пурсамари Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор
Октябр 01
10:25 2020

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 724 аз 16-уми июли соли 1986 ва Қарори кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқии райони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 1986 дар заминаи филиали дар ноҳияи Ҳисор будаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №148 аз 3-юми марти соли 2014 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ҳисор ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор табдил дода шуд.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар асоси талаботи қонунҳои давлатӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисор, Оиннома ва дастурамал ба роҳ монда шудааст. Дар муддати 8 моҳи сипаришуда дар Муассиса корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, санаи 26-уми декабри соли 2019 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври мустақим пахш гардида буд. Вобаста ба ин дар ҳудуди коллеҷ санаи 26.12.2020 тавассути телевизион тамошои дастаҷамъона ташкил гардид. Бо мақсади омӯзиши Паём дар таърихи 10-уми январи соли 2020 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо кормандон ва омӯзгорони Муассиса баргузор гардид.

Дар асоси Амри Раиси шаҳри Ҳисор аз 22.01.2020 таҳти №20 ва Фармоиши директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор аз 29.01.2020 таҳти №9 дар бораи таҷлили рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Барои омодагӣ ва корҳои ободонӣ гузаронидани шанбегиҳои умумӣ мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Бояд ёдовар шавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳамеша барои расонидани кумакҳои моддию молиявӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон, беморону барҷомондагон, бепарасторон ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд дасти ёрӣ дароз намоем. Роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ин суханҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллию давлатӣ корҳои хайриявии назаррасро ба анҷом мерасонад. Бо ин мақсад имсол низ тӯйи хайриявии 7 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоат дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардида, ба онҳо сарулибоси тӯёна ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бад-ин минвол, Муассиса дар асоси оиднома ва талаботҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва сиёсӣ фаъолона иштирок менамояд.

Ихтисосҳо ва шакли таҳсил дар коллеҷ

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор шакли таҳсил рӯзона ва шабона ба роҳ монда шудааст. Дар Коллеҷ шумораи умумии кормандон ва омӯзгорон ба 136 нафар расидааст. Аз онҳо 121 нафар омӯзгори асосӣ, доктори илмҳои тиб, номзади илмҳои тиб, аспирант, докторант, дараҷаҳои тахассусҳои олӣ, якум ва дуюм ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз 53 нафарашонро ҷавонони синну соли то 35-сола ташкил медиҳад. Кормандони техникӣ 13 нафар мебошанд, ки аз ин шумора 7 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар Муассиса аз рӯи ихтисосҳои 2-790106 — «Кори ҳамширагӣ» дар заминаи синфи 11, муҳлати таҳсил 3 сол, заминаи синфи 9, муҳлати таҳсил 4 сол, 2-790102 — «Кори момодоягӣ» дар заминаи синфи 11, муҳлати таҳсил 4 сол, 2-790103 — «Кори тиббию профилактикӣ» дар заминаи синфи 11, муҳлати таҳсил 3 сол, 2-790104 — «Кори тиббию — ташхисӣ» дар заминаи синфи 11, муҳлати таҳсил 3 сол, 2-790108 — «Кори фарматсевтӣ» дар заминаи синфи 11, муҳлати таҳсил 3 сол ва 0133 — «Кори дандонсозӣ» мутахассисони миёнаи касбӣ тайёр карда мешаванд.

Бо фармоиши директори коллеҷ таҳти №52 аз 4.05.2020-ум 532 нафар донишҷӯён барои супоридани аттестатсияи хатм роҳ дода шудаанд, аз он ҷумла:

Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” — 358 нафар.

Ихтисоси “Кори момодоягӣ” — 71 нафар.

Ихтисоси “Кори тиббию ташхисӣ” — 18 нафар.

Ихтисоси “Кори тиббию профилактикӣ” — 10 нафар.

Ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” — 75 нафар.

— Аз натиҷаҳо маълум мегардад, ки сатҳи дониши хатмкунандагон хуб буда, минбаъд низ сифати таълимро дар Муассиса пурзӯр намуда, мутахассисони дорои донишу малакаи баландро ба халқу ватан пешкаш хоҳем намуд,- мегӯяд директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Гурез Азимов.

— Бояд ёдовар шавем, ки вируси ҳамагир, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, моро низ бетараф намондааст. Аз ин рӯ, дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2020, №14/5-691 ва мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз 11.06.2020, №1464/6-9 “Дар бораи талаботи нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддӣ эпидемикӣ дар давраи пандемияи сироятии коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудаанд ва корҳо дар ин самт дар сатҳи баланд идома доранд. Инчунин, ба Муассиса маводҳои зиддивирусӣ ва муҳофизатӣ ворид карда шуда, ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд,- афзуд ӯ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 905
  • 1,242
  • 949,925