Октябр 30
14:59
2020
Имрӯз кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ маросими савгандёдкунии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.