Кӯлоб: Шӯъбаҳои эҳёгардонӣ ва сироятӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мешаванд

Кӯлоб: Шӯъбаҳои эҳёгардонӣ ва сироятӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мешаванд
Ноябр 27
12:59 2020

Боиси сарфарозист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар ин самт корҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббии босифат ба аҳолӣ дар тамоми  гӯшаву канори мамлакат садҳо муассисаҳои замонавии хуштарҳ  сохта ва бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмиру таҷдид ва бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ, махсусан шуъбаҳои эҳёгардонӣ ва сироятӣ бомаром идома дорад.

Чун дигар минтақаҳои дурдасти кишвар, корҳои азнавсозиву аз таъмири капиталӣ баровардани як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз намудани шуъбаҳои эҳёгарӣ ва сироятӣ дар шаҳри Кулоб низ бомаром идома дошта, аксар корҳои ободонӣ дар ин самт ба анҷом расидонида шудаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи вилоятии шаҳри Кулоб дар ҳоли таъмири капитали қарор дошта, шуъбаи бемориҳои сироятии он аз таъмири капиталӣ бароварда шуда,  бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шудааст. Дар доираи ин иқдом, ба муассисаи тиббии мазкур  дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии замонавӣ, оксигенератор, кварс, рахтҳои хоби замонавӣ, рентгени рақамӣ,  дастгоҳи тозакунандаи ҳаво, либосҳои муҳофизатӣ, маводҳои доруворӣ ва зиддиуфунӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дастрас гардонида шудааст.

Ҳамзамон, таъмири бахши эхёгардонии Беморхонаи бемориҳои сироятии  шаҳри Кӯлоб низ ба итмом расида, он бо усули замонавӣ ва ҷавобгуй ба талаботи замон барои  сокинон хизмат расонида истодааст.

Дар доираи иқдомҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ  беморхонаи мазкур низ бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳандаи сунъӣ,  оксигенератор, кварс, рахтҳои хоби замонавӣ, дастгоҳҳои муосир барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти лабараторӣ   ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шудааст.

Айни замон дар  шӯъбаи сироятии Беморхонаи «Ҷерқалъа»-и шаҳри Кӯлоб корҳои таъмирӣ идома дошта, барои васлу насби таҷҳизотҳои замонавӣ  аллакай дастгоҳҳои тиббӣ, аз қабили  дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, оксигенератор, кварс, рахтҳои хоб, таҷҳизоти замонавӣ барои амалиётҳои ҷарроҳӣ, ренгени рақамӣ, таҷҳизотҳои лабараторӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дастрас карда шудаанд, ки баъди азнавсозӣ ҷиҳозонида хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки баъди пурра таъмиру таҷдид шудани муассисаҳои тандурустии болозикр роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба хотири ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат дар беморхонаҳои шаҳри Кулоб мутахассисони соҳибтаҷрибаро аз пойтахти кишвар ба хотири табодули таҷриба ба онҷо фиристад.

Чунин корҳои наҷиб ва созандагиву таъмир, инчунин, бо таҷҳизоти муосири замон таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ дар саросари мамлакат идома дошта, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи тандурустӣ  кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳатто дар дурдасттарин минтақаи кишвар тавониста бошанд, ки  хизматрасонии хуби тиббиро ба аҳолӣ пешкаш гардонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 973
  • 1,242
  • 949,993