«ВАКСИНАИ ЗИДДИВИРУСИИ КОВИД-19 — ҶАВШАНИ ХУД ВА НАЗДИКОНИ ШУМО!». КИМ ҲХДТ таҳти ин унвон аксияи эмгузарониро доир намуд

«ВАКСИНАИ ЗИДДИВИРУСИИ КОВИД-19 — ҶАВШАНИ ХУД ВА НАЗДИКОНИ ШУМО!». КИМ ҲХДТ таҳти ин унвон аксияи эмгузарониро доир намуд
Июл 07
15:13 2021

6 июли соли равон аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  ва сохторҳои ноҳиявии  он дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аксияи эмгузаронӣ таҳти унвони «Ваксинаи зиддивирусии Ковид-19 — ҷавшани худ ва наздикони Шумо»-ро дар атрофи бозори «Меҳргон»-и ноҳияи И.Сомонӣ, минтақаи 91-ум ва маҳаллаи Лучоби ноҳияи Сино, кӯчаи Н.Қарабоев ва атрофи «Маҷмааи тандурустии Истиқлол»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва назди Маркази савдои «Садбарг»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Тавре аз КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   аксияи эмгузаронӣ вобаста ба пешгирии хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии COVID–19 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин аксия бо усули “хона ба хона, кӯча ба кӯча” ва ҷойҳои серодам, аз ҷумла бозор, боғҳои фарҳангӣ, истгоҳ ва роҳравҳои пойтахт бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо тақсими ниқоб ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба эмгузорӣ бар зидди коронавирус ташкил ва баргузор гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби ҳайъати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҳар рӯз баҳри пешгирии сокинон ва меҳмонони пойтахти шаҳри Душанбе аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус вохӯриҳои хона ба хона баргузор менамоянд, ки дар он тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимои  ва эмгузаронӣ бар зидди Ковид-19-ро фаҳмонда мешавад.

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 718
  • 1,242
  • 949,738