Тағироти кадрӣ дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

Тағироти кадрӣ дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
Феврал 21
18:37 2022

Имрӯз, 21 феврали соли 2022 сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ дар мувофиқа бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шарифзода Шайдулло Зайдулло сардори Раёсати тандурустии вилояти мазкур таъин карда шуд.

Маросими муаррифии сардори навтаъини Раёсати тандурустии вилояти Хатлон имрӯз бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

Шарифзода Шайдулло Зайдулло – 27-уми апрели соли 1969 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумот олӣ.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2011 то 20 феврали соли 2022 дар вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

(Дар акс Шарифзода Шайдулло)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,042
  • 1,242
  • 950,062